Оғози супурдани аслиҳаи ҷангӣ дар Хоруғ

Бо ташаббус ва дастгирии як гурӯҳ фаъолзанон ва имомони  шаҳри Хорӯғ, ки мақсади таъмини оромӣ ва ободии кишварро доштанд, маъракаи супоридани яроқу лавозимоти ҷангӣ оғоз гардид. Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, як гурӯҳ ҷавонони раҳгумзадаи маҳаллаи Заводи нони (Хлебзавод) шаҳри Хоруғ, ки бидуни андеша ва гумроҳӣ яроқ ба даст гирифта, ба муқобили […]

ASIA-Plus


Бо ташаббус ва дастгирии як гурӯҳ фаъолзанон ва имомони  шаҳри Хорӯғ, ки мақсади таъмини оромӣ ва ободии кишварро доштанд, маъракаи супоридани яроқу лавозимоти ҷангӣ оғоз гардид.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, як гурӯҳ ҷавонони раҳгумзадаи маҳаллаи Заводи нони (Хлебзавод) шаҳри Хоруғ, ки бидуни андеша ва гумроҳӣ яроқ ба даст гирифта, ба муқобили қувваҳои ҳукуматӣ ба муқовимат бархоста буданд, бегоҳии 28.07. 2012 сол силоҳу лавозимоти ҷангӣ аз қабили автомати Калашников, пулемёт ва дигар силоҳи оташфишонро ба мақомоти ҳифзи  ҳуқуқ  супориданд.

Ба иттилои манбаъ, шахсоне, ки ихтиёран яроқҳои ғайриқонуниро месупоранд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод мебошанд. Айни замон вазъ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ором буда, аҳолӣ ба ҳаёти осоишта машғул аст.

Бино ба иттилои хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» аз Хоруғ, чанде қабл вохӯрии навбатии комиссияи мустақили миёнаравон оид ба танзими вазъ бо мақомоти раҳбарии вилоят доир гардидааст, вале ба иштироки хабарнигор дар он боз роҳ надодаанд.

Қобили зикр аст, ки нерӯҳои ҳукуматӣ бо гурӯҳҳои мусаллаҳ дар бораи бартараф кардани сангарҳо ва иҷозати убури қатораи автомашинаҳои бузургҳаҷми боркаш ба мувофиқа расида, рӯзи 27-уми июл ҳудуди 40 ва 28-уми июл беш аз 30 автомашина ба сӯйи Душанбе раҳсипор шуданд.

Ба гуфтаи сокинон, ба ивази ин ҷониби ҳукумат бозпас хондани нишонзанҳо аз кӯҳҳои гирду атроф ва сарбозон аз хонаҳои истиқоматиро ваъда кардааст, вале ин кор амалӣ нагардид.

Дирӯз нерӯҳои ҳукуматӣ боз маҷбурӣ аҳолиро аз микрорайони Селхозтехника кӯчонданд.

Ҳамчунин маълум шуд, ки ду рӯз пеш дар мавзеи Шоҳдара автомашинаи Толиб Айёмбеков дарёфт гардидааст, ки ба дарёи Шоҳдара чаппа шудааст. Дар автомашина осори хун пайдо шудааст. Ба ақидаи сокинони маҳаллӣ, ҳалокати Т.Айёмбеков аз эҳтимол дур нест.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.