Ба хок супурдани ҷасади муовини фармондеҳи ОМОН дар Душанбе

Рӯзи якшанбе дар шаҳри Душанбе маросими ҷаноза ва ба хок супурдани ҷасади муовини фармондеҳи гурӯҳи таъиноти махсуси милиса (ОМОН) подполковник Фаррух Зарифов, ки зимни амалиёти низомӣ дар Хоруғ ба ҳалокат расид, баргузор шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ дод, ахири ҳафтаи равон ҷасади Ф.Зарифов дар дарёи Панҷ, дар […]

Аваз Юлдошев


Рӯзи якшанбе дар шаҳри Душанбе маросими ҷаноза ва ба хок супурдани ҷасади муовини фармондеҳи гурӯҳи таъиноти махсуси милиса (ОМОН) подполковник Фаррух Зарифов, ки зимни амалиёти низомӣ дар Хоруғ ба ҳалокат расид, баргузор шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ дод, ахири ҳафтаи равон ҷасади Ф.Зарифов дар дарёи Панҷ, дар қаламрави кишвари ҳамсоя аз ҷониби шаҳрвандони Афғонистон дарёфт гардида, ба мақомоти Тоҷикистон супурда шудааст.

Бино ба маълумоти расмӣ, дар ҷараёни амалиёти низомӣ дар Хоруғ 18 нафар аз мақомоти сохторҳои қудратӣ ва 30 тан аз ҷангиёни ҷониби муқобил ба ҳалокат расидаанд. Ҳамчунин миёни аҳолии осоишта низ талафот ба қайд гирифта шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз мавлуди устод Қаноат, яке аз устураитарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст. Ӯ яке аз достонсароёни моҳир дар адабиёти навини тоҷик ба ҳисоб меравад ва дар тарбияти...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.