Хоруғ: Таслими беш аз 500 адад аслиҳа дар зарфи 8 рӯз

Дар зарфи 8 рӯз аҳолии шаҳри Хоруғ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ихтиёрӣ беш аз 500 адад яроқу аслиҳа супурд, – гуфт дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти ВКД Маҳмадулло Асадуллоев. Ба гуфтаи ӯ,чанде қабл як миқдори калони яроқ ва силоҳи оташфишон аз аҳолӣ мусодира карда шуда, ин яроқу аслиҳа асаосан аз навъҳои […]

Аваз Юлдошев


Дар зарфи 8 рӯз аҳолии шаҳри Хоруғ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ихтиёрӣ беш аз 500 адад яроқу аслиҳа супурд, – гуфт дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти ВКД Маҳмадулло Асадуллоев.

Ба гуфтаи ӯ,чанде қабл як миқдори калони яроқ ва силоҳи оташфишон аз аҳолӣ мусодира карда шуда, ин яроқу аслиҳа асаосан аз навъҳои гуногуни автомати Калашников, норинҷак, миқдори зиёди тирҳо аз зермили гулӯлаандоз, пулемёт, яроқҳои суфтамил, таппонча, тирдон ва тирҳои гуногунтамға ва дигар яроқу лавозимоти ҷангӣ иборатанд.

Намояндаи Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ таъкид кард, ки ҷараёни халъи силоҳ дар Хоруғ бо мусоидати фаъолонаи рӯҳониёни маъруф, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, зиёиён ва афроди ҷудогона сурат мегирад.

«Айни замон барои ҷорӣ кардани тартибот дар кӯчаҳои шаҳри Хоруғ тадбирҳои махсус андешида мешаванд», – гуфт вай.

Чанде пештар ба майдони ҷаримаи шаҳри Хоруғ 20 адад автомашина оварда шуданд, ки дар қаламрави шаҳр бидуни иҷозати дахлдор, шишаҳои сиёҳшуда ва ё рақамҳои сохташуда ҳаракат мекарданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз мавлуди устод Қаноат, яке аз устураитарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст. Ӯ яке аз достонсароёни моҳир дар адабиёти навини тоҷик ба ҳисоб меравад ва дар тарбияти...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.