Дар Олимпиада Дилшод Назаров зинаи 10-умро ишғол кард

Варзишгари тоҷик Дилшод Назаров дар мусобиқоти гурзандозии Олимпиадаи Лондон-2012 зинаи 10-умро ишғол кард. Бино ба маълумоти сомонаи расмии Олимпиалаи Лондон-2012, дар мусобиқоти ниҳоии ин навъи варзиш Дилшод Назаров бо нишондиҳандаи 73 метру 80 сантиметр миёни 12 варзишгар мақоми 10-умро касб намуд. Дар ин навъи мусобиқот варзишгари  Маҷористон (Венгрия) Кристиан Парш бо нишондиҳандаи 80,59 метр дастболо […]

Пайрав Чоршанбиев


Варзишгари тоҷик Дилшод Назаров дар мусобиқоти гурзандозии Олимпиадаи Лондон-2012 зинаи 10-умро ишғол кард.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии Олимпиалаи Лондон-2012, дар мусобиқоти ниҳоии ин навъи варзиш Дилшод Назаров бо нишондиҳандаи 73 метру 80 сантиметр миёни 12 варзишгар мақоми 10-умро касб намуд.

Дар ин навъи мусобиқот варзишгари  Маҷористон (Венгрия) Кристиан Парш бо нишондиҳандаи 80,59 метр дастболо гардида, гурзандони Словения Примож Козмус бо нишондиҳандаи 79,36 метр зинаи дуюм ва варзишгари ҷопонӣ Кодзи Мурофуси бо нишондиҳандаи 78,71 метр ба медалӣ биринҷӣ сазовор гардиданд.

Ёдрас мекунем, ки чор сол қабл дар Бозиҳои олимпии Пекин Дилшод Назаров бо нишондиҳандаи 76,54 метр зинаи 11-умро касб карда буд.

Дар ҳамин ҳол, аллакай ҳашт нафар варзишгарони тоҷик қувваозмоиҳо дар Олимпиадаи Лондонро ба анҷом расониданд. Инҳо Сергей Бабиков (тирандозӣ), Собирҷон Назаров, Ҷаҳон Қурбонов ва Анвар Юнусов (бокс), Расул Боқиев, Парвиз Собиров (дзюдо), Катерина Измайлова (шиноварӣ) ва Дилшод Назаров (гурзандозӣ) мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз мавлуди устод Қаноат, яке аз устураитарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст. Ӯ яке аз достонсароёни моҳир дар адабиёти навини тоҷик ба ҳисоб меравад ва дар тарбияти...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.