Дастоварди футболбозони навраси тоҷик дар мусобиқоти «Ҷоми дӯстӣ» дар Қирғизистон

Дар мусобиқоти байнулмилалии «Ҷоми дӯстӣ» дар Қирғизистон дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол (U-14) бори дуюм ғалаба ба даст овард. Бино ба маълумоти сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, пас аз пирӯзӣ бар дастаи «Динамо-Юниор» (Омск) бо ҳисоби 4 бар 1, футболбозони навраси тоҷик дар вохӯрии дуюм бо тими аввали наврасони Қирғизистон бо ҳисоби 2 […]

Аваз Юлдошев


Дар мусобиқоти байнулмилалии «Ҷоми дӯстӣ» дар Қирғизистон дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол (U-14) бори дуюм ғалаба ба даст овард.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, пас аз пирӯзӣ бар дастаи «Динамо-Юниор» (Омск) бо ҳисоби 4 бар 1, футболбозони навраси тоҷик дар вохӯрии дуюм бо тими аввали наврасони Қирғизистон бо ҳисоби 2 бар 0 дастболо шуданд.

Ҳар ду тӯбро ба дарвозаи футболбозони қирғиз футболбози навраси тоҷик Вафо Толибов равона сохтааст, ки ин тӯби чоруми ӯ дар ин мусобиқот аст. Дасти Тоҷикистон пас аз ду вохӯрӣ 6 имтиёз ба даст оварда, барои роҳ ёфтан ба даври навбатии мусобиқот имконияти хуб дорад.

Дар даври сеюми мусобиқот футболбозони навраси тоҷик имрӯз бо дастаи «Абдиш-ота» аз Туркманистон қувваозмойӣ мекунанд. Оғози бозӣ ба соати 11:30 муқаррар шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз мавлуди устод Қаноат, яке аз устураитарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст. Ӯ яке аз достонсароёни моҳир дар адабиёти навини тоҷик ба ҳисоб меравад ва дар тарбияти...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.