Парвандаи бародари муовини аввали раиси КДАМ ба суд ирсол гардид

Парвандаи ҷиноӣ нисбат ба собиқ сардори шуъбаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири ШВКД дар ноҳияи Фархор Фаридун Умаров, бародари муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Мансур Умаров ҷиҳати баррасии минбаъда ба суд ирсол гардид. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ хабар доданд. Қобили […]

Наргис Ҳамробоева


Парвандаи ҷиноӣ нисбат ба собиқ сардори шуъбаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири ШВКД дар ноҳияи Фархор Фаридун Умаров, бародари муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Мансур Умаров ҷиҳати баррасии минбаъда ба суд ирсол гардид. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ хабар доданд.

Қобили зикр аст, ки Фаридун Умаров маҳз аз ҷониби Агентии мазкур боздошт шуда, дар пайи он як гурӯҳи ҷиноятпешае ошкор гардид, ки ба ҳайати он натанҳо шаҳрвандони қаторӣ, балки афсарони воломақоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ шомил буданд. Ҳамаи онҳо аз рӯйи парвандаи мазкур ҷавобгӯ хоҳанд буд.

Ба иитилои манбаъ, парванда бо айбдорӣ мутобиқи моддаи 200, қ. 3-и КҶ ҶТ (Муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан) ба суд фиристода шудааст. «Дар ҷараёни тафтишот ҳаҷми зарурии маводи собиткунандаи даст доштани айбдоршаванда дар содир намудани ҷиноят ҷамъоварӣ гардид», – гуфт манбаъ.

Пас аз ҳабси Рустам Ҳаитов, пешвои гурӯҳи ҷиноятпешаи қочоқбари нашъа, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар пайи Умаров ва дигар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шуданд, ки аз қочоқбарон пуштибонӣ мекарданд. Гуруҳи Ҳаитов маводи мухаддиррро аз Афғонистон тавассути Тоҷикистону Қазоқистон ба Русия интиқол медод.

Муайян карда шуд, ки ба ин гуруҳ афсарони баландрутаби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Ф.Умаров низ шомил будаанд. Ғайр аз ин, дар ҷараёни тафтишот сардори шуъбаи Раёсати мубориза бо муомилоти ғайриқонунии ВКД Тоҷикистон майори милиса Зафар Мирзоев ва сардори шуъбаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии РКД шаҳри Душанбе подполковники милиса Тоҳирхон Шеров низ боздошт гардиданд.

Бино ба маълумоти Агентии зиддифасод, шахсони зикршуда ба ҷуз иштирок дар фаъолияти гуруҳи ҷиноятпеша, ҳамчунин бо ришваи зиёд афроди дар қочоқи маводи нашъаовар дастдоштаро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод мекардаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.