13 тӯби беҷавоби футболбозони навраси тоҷик ба дарвозаи футболбозони қазоқ

Дар мусобиқоти байнулмилалии «Ҷоми дӯстӣ» дар Қирғизистон дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол (U-14) дар вохӯри бо дастаи «Монтажник»(Қазоқистон) бо ҳисоб калони 13 бар 0 ғолиб омад. Ин ғалабаи чоруми пайдарпайи футболбозони тоҷик дар ин мусобиқот аст. Бино ба маълумоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ин вохӯрӣ ҳамлагари дастаи Тоҷикистон Вафо Сӯфиев ба дарвозаи ҳариф […]

Меҳрангез Турсунзода


Дар мусобиқоти байнулмилалии «Ҷоми дӯстӣ» дар Қирғизистон дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол (U-14) дар вохӯри бо дастаи «Монтажник»(Қазоқистон) бо ҳисоб калони 13 бар 0 ғолиб омад. Ин ғалабаи чоруми пайдарпайи футболбозони тоҷик дар ин мусобиқот аст.

Бино ба маълумоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ин вохӯрӣ ҳамлагари дастаи Тоҷикистон Вафо Сӯфиев ба дарвозаи ҳариф 7 тӯб равона сохта, ҳисоби умумии тӯбҳои худ дар ин мусобиқотро ба 11 расонидааст.

Ба иттилои манбаъ, пас аз ғалабаи пайдарпай дар чор вохӯрӣ футболбозони тоҷик дар садри ҷадвали гурӯҳи худ қарор доранд. Пагоҳ, 9-уми август, футболбозони тоҷик вохӯрии охирини худро бо дастаи дуюми Қирғизистон доир менамоянд.

Ёдрас мекунем, ки дар се вохӯрии қаблӣ дасти Тоҷикистон бар дастаи «Динамо-Юниор» (Омск) бо ҳисоби 4 бар 1, тими аввали наврасони Қирғизистон бо ҳисоби 2 бар 0 ва дастаи Туркманистон бо ҳисоби 2 бар 1 дастболо шуданд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.