Вохӯрии олимпичиёни тоҷик бо ҳамватанон дар Лондон

Бо ибтикори сафорати Тоҷикистон дар Британияи Кабир дар шаҳри Лондон вохӯрии дастаи олимпичиёни тоҷик бо ҳамватанони муқими ин кишвар доир гардид. Дар вохӯрии мазкур раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маликшо Неъматов, сафири Тоҷикистон дар Британияи Кабир Эркин Қосимов, дорандаи ҷоизаи Бозиҳои олимпии Лондон Мавзуна Чориева, боксчӣ Анвар Юнусов ва таэквондочиён Алишер Гулов ва Фарҳод […]

ASIA-Plus


Бо ибтикори сафорати Тоҷикистон дар Британияи Кабир дар шаҳри Лондон вохӯрии дастаи олимпичиёни тоҷик бо ҳамватанони муқими ин кишвар доир гардид.

Дар вохӯрии мазкур раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маликшо Неъматов, сафири Тоҷикистон дар Британияи Кабир Эркин Қосимов, дорандаи ҷоизаи Бозиҳои олимпии Лондон Мавзуна Чориева, боксчӣ Анвар Юнусов ва таэквондочиён Алишер Гулов ва Фарҳод Неъматов ширкат варзиданд.

Дар оғози вохӯрӣ сафир Э.Қосимов суханронӣ намуда, аз варзишгарон барои пазируфтани даъвати сафорат ҷиҳати вохӯрӣ бо ҳамватанон ва ба Чориева Мавзуна барои даст ёфтан ба медалҳои биринҷии мусобиқот изҳори миннатдорӣ намуд.

Дар навбати худ Маликшо Неъматов ба ҳозирин дар бораи рушди варзиш дар Тоҷикистон, мушкилоти ҷойдошта дар ин соҳа ва имконоти варзишгарони тоҷик муфассал маълумот дода, изҳор кард, ки сарфи назар аз мушкилот, варзишгарони тоҷик ба гирифтани ҷоизаҳои байнулмилалӣ ноил мегарданд.

«Олимпиадаи Лондон ба итмом расида, акнун варзишгарони мо ба Бозиҳои олимпии навбатӣ дар шаҳри Рио омодагӣ мегиранд ва ин омодагӣ бояд аллакай оғоз гардад», – гуфт М.Неъматов.

Дар вохӯрӣ миёни варзишгарону ҳамватанони муқими Битанияи Кабир атрофи масоили беҳбуди шароити машқу тамрин барои насли нави варзишгарони тоҷик ва таъмини дастгирии молиявии соҳаи варзиши ҷумҳурӣ табодули афкор сурат гирифт.

Бино ба маълумоти намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ, варзишгарони тоҷик таҳти сарварии Маликшо Неъматов шаби 15 ба 16-уми август тавассути хатсайри ҳавоии ширкати «Сомон Эйр» аз шаҳри Киев ба Душанбе меоянд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.