Суханронии президенти Тоҷикистон дар иҷлосияи 67-уми Маҷмаъи кулли СММ

Даҳаи сеюми моҳи сентябр президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз минбари иҷлосияи 67-уми Маҷмаъи кулли СММ дар шаҳри Ню-Йорк суханронӣ хоҳад кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, маърӯзаи сарвари давлати Тоҷикистон дар Маҷмаъи кулли СММ рӯзи 26-уми сентябр дар назар аст. Зимни боздид аз Ню-Йорк Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони баландпояи […]

Аваз Юлдошев


Даҳаи сеюми моҳи сентябр президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз минбари иҷлосияи 67-уми Маҷмаъи кулли СММ дар шаҳри Ню-Йорк суханронӣ хоҳад кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, маърӯзаи сарвари давлати Тоҷикистон дар Маҷмаъи кулли СММ рӯзи 26-уми сентябр дар назар аст.

Зимни боздид аз Ню-Йорк Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони баландпояи созмонҳои байнулмилалӣ ва сарварони чанде аз кишварҳо мулоқотҳои дуҷониба анҷом хоҳад дод. «Ҳамчунин вохӯрии президенти Тоҷикистон бо намояндагони доираҳои тиҷоратии ИМА пешбинӣ шудааст», – гуфт манбаъ.

Бино ба маълумоти Маркази иттилооти СММ, иҷлосияи 67-уми СММ санаи 18-уми сентябр расман ба кор шурӯъ мекунад. Музокироти умумии ҳамасола 25-уми сентябр оғоз ва то 1-уми октябр идома меёбанд. Дар онҳо сарони кишвару ҳукуматҳо, Вазоратҳои коҳои хориҷии давлатҳо ва намояндагони кишварҳои узви СММ маърӯза хоҳанд кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.