Тавзеҳи Хадамоти алоқа оид ба таъмини дастрасии алоқа бо Хоруғ

Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ хатҳои алоқаи осебдида дар шаҳри Хоруғро аз таъмир баровард. Ёдрас мекунем, ки рӯзи 25-уми август пас аз таваққуфи якмоҳа иртиботи телефонӣ бо шаҳри Хоруғ комилан барқарор гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси Хадамоти алоқа Рафиқҷон Шокиров хабар дод, хадамот дар ҳамдастӣ бо ширкатҳои таъмини хизматгузории алоқаи мобилӣ ба аҳолӣ […]

ASIA-Plus


Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ хатҳои алоқаи осебдида дар шаҳри Хоруғро аз таъмир баровард.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 25-уми август пас аз таваққуфи якмоҳа иртиботи телефонӣ бо шаҳри Хоруғ комилан барқарор гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси Хадамоти алоқа Рафиқҷон Шокиров хабар дод, хадамот дар ҳамдастӣ бо ширкатҳои таъмини хизматгузории алоқаи мобилӣ ба аҳолӣ тамоми зарарҳои расида ба хатҳои алоқаро бартараф кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, Р.Шокиров аз пешниҳоди маълумот дар бораи маблағи умумии масрафшуда барои ивази ноқилҳои осебдида худдорӣ намуд.

Ёдрас мекунем, ки санаи 24-уми июл бо оғози амалиёти махсуси нерӯҳои қудратии ҳукумат алоқа бо шаҳри Хоруғ комилан қатъ шуда буд. Каме баъдтар иртибот тавассути телефони хонагӣ имконпазир гардида буд.

Он замон қатъи иртиботи телефонӣ бо шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои атрофи онро  сардори Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ Бег Зуҳуров комилан ба мушкилоти фаннӣ нисбат дода, изҳор карда буд, ки «ҳангоми рӯйдодҳои ба ҳамагон маълуми шаҳри Хоруғ тир ба симҳо бархӯрдааст, ки он ба қатъи алоқа боис гардид».

Як қатор ширкатҳои алоқаи мобилӣ аз қабили Tcell ва Beeline дар сомонаҳои расмии худ аз барқарор шудани алоқа бо шаҳри Хоруғ хабар дода, «барои дар вазъи ногувор гузоштани мардум узр пурсиданд».

Ҳамчунин дар ин робита як гурӯҳи корбарони тоҷикистонии шабакаи иҷтимоии Facebook пешниҳод кардаанд, ки рӯзи 2-юми сентябр алайҳи ширкатҳои мобилӣ таҳрим эълон карда шавад. Дар ин сана ба оғози амалиёти низомӣ дар Хоруғ 40 рӯз пур мешавад.

Корбарони шабака зикр мекунанд, ки дар натиҷаи қатъи алоқаи мобилӣ муддати як моҳ мардум бо хешовандону наздиконашон иртибот гирифта наметавонистанд.

«Тӯли як моҳ ҳеҷ кадоме аз роҳбарони ширкатҳои мобилӣ қазияро шарҳ надода, аз мардум узр напурсиданд ва онҳоро бо андӯҳашон танҳо гузоштанд, – таъкид месозанд онҳо. – «Ним соати сукут» як навъ таҳримест алайҳи ширкатҳои мобилӣ, ки бидуни қарори додгоҳ (мутобиқи талаботи қонунгузории ҶТ) алоқа бо минтақаро қатъ намуданд. Ин нақзи мустақими ҳуқуқи инсон аст».

Аз корбарони тоҷикистонии ин шабака даъват мешавад, ки санаи 2-юми сентябр муддати расо ним соат телефонҳои мобилии худро хомӯш созанд, то ки «ба ҷои нозуктарини ширкатҳо – кисаашон зарба зананд».

Мебояд гуфт, ки аксари корбарони шабака ба эълони таҳрим ва хомӯш кардани телефонҳои ҳамроҳи худ розианд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.