Мулоқоти роҳбарони мақомоти зиддимухаддиротии Тоҷикистону Қирғизистон

Дар шаҳри Хуҷанд вохӯрии дуюми байниидоравии роҳбарони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ ва Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари Қирғизистон доир мегардад. Тавре аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ хабар доданд, дар рафти ҷаласа масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои сарҳадӣ дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор муҳокима мешаванд. Миёни мақомоти зиддимухаддиротии […]

ASIA-Plus


Дар шаҳри Хуҷанд вохӯрии дуюми байниидоравии роҳбарони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ ва Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари Қирғизистон доир мегардад.

Тавре аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ хабар доданд, дар рафти ҷаласа масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои сарҳадӣ дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор муҳокима мешаванд.

Миёни мақомоти зиддимухаддиротии Қирғизистон ва Тоҷикистон дар масъалаҳои мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор табодули ахбори оперативӣ  хуб ба роҳ монда шудааст, ки ин имконият медиҳад гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпешаи алоқаи мустаҳками байналмилалӣ доштаро ошкор ва нобуд созад. Чунин тарзи ҳамкориҳо барои мунтазам беҳтар гардидани вазъи нашъамандӣ дар минтақа шароит фароҳам месозад.

Бояд тазаккур дод, ки ин ҷаласаи дуюми гурӯҳи корӣ аз рӯзи ба имзо расидани Протокол дар бораи ҳамкориҳо байни ХДНМН ҶҚ ва АНМН ҶТ дар масъалаҳои ташкили ҳамкориҳои наздисарҳадӣ дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, ки 6 майи соли 2011 дар шаҳри Ош имзо шуда буд, мебошад. Дар ин давра байни ин ду мақомоти зиддимухаддиротӣ 6 амалиёти махсуси якҷоя гузаронида, дар натиҷа аз муомилоти ғайриқонунӣ зиёда аз 43 кг маводи нашъадор мусодира шуд.

Дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо Протоколи гурӯҳи кориро ба имзо хоҳанд расонид.Ҷаласа  бори дигар моҳияти ҳамкориҳои кишварҳои минтақаро дар ташкили садди боэътимоди пешгирии мухаддирот нишон медиҳад.

Вохӯрии мазкур бо дастгирии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба нашъамандӣ ва ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи барномаи минтақавии РСММ оид ба мухаддирот ва ҷинояткорӣ барои ҶИА ва кишварҳои ҳамсоя, инчунин лоиҳаҳои РСММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ НО3/РОTAJ и К50/РОKYR ташкил шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.