Ифтитоҳи бинои нави ширкати «Tcell» дар Душанбе

Имрӯз дар Душанбе маросими ифтитоҳи бинои нави ширкати алоқаи мобилии «Tcell» – «Tcell Plaza» доир мегардад. Дар ин маросим аз иштироки раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев ва президенти ширкати «TeliaSonera» Ларс Нюрберг интизорӣ меравад. Бинои нави 12-ошёнаи ширкат дар хиёбони Рӯдакӣ, маркази шаҳр қомат афрохтаааст. Сохтмони бинои мазкур наздики 2,5 сол идома ёфт. Тавре ба ОИ […]

Пайрав Чоршанбиев


Имрӯз дар Душанбе маросими ифтитоҳи бинои нави ширкати алоқаи мобилии «Tcell» – «Tcell Plaza» доир мегардад. Дар ин маросим аз иштироки раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев ва президенти ширкати «TeliaSonera» Ларс Нюрберг интизорӣ меравад.

Бинои нави 12-ошёнаи ширкат дар хиёбони Рӯдакӣ, маркази шаҳр қомат афрохтаааст. Сохтмони бинои мазкур наздики 2,5 сол идома ёфт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти «Tcell» хабар доданд, бино аз идораҳои корӣ ва марказҳои пешниҳоди хизматгузорӣ иборат аст. Департаментҳои ширкат, ки қаблан дар идораҳои гуногун дар маркази шаҳр мустақар буданд, акнун дар бинои ягона мутамарказ мешаванд ва ин иқдом ба беҳбуди сифати кори ширкат мусоидат хоҳад кард.

Қобили зикр аст, ки холдинги «TeliaSonera» ва Бунёди Оғо Хон муассисони ин ширкат мебошанд. «TeliaSonera» дар кишварҳои скандинавӣ, назди Балтика, Испания ва бозорҳои дар ҳоли рушд қарордоштаи минтақаи Авруосиё бо шумули Русияву Туркия хизматгузориҳои телекоммуникатсиониро ба роҳ мондааст. Дар бозорҳои Авруосиё «TeliaSonera» дорои бастаҳои саҳмияҳои ширкатҳои муваффақи алоқаи мобилӣ дар Қазоқистон (Kcell), Озарбойҷон (Azercell), Гурҷистон (Geocell), Молдова (Moldcell), Тоҷикистон (Tcell), Ӯзбекистон (Ucell) ва Непал (Ncell) мебошад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.