Фейсбукиён таҳрими ширкатҳои мобилиро пешниҳод карданд

Як гурӯҳи корбарони тоҷикистонии шабакаи иҷтимоии Facebook пешниҳод кардаанд, ки рӯзи 2-юми сентябр алайҳи ширкатҳои мобилӣ таҳрим эълон карда шавад. Дар ин сана ба оғози амалиёти низомӣ дар Хоруғ 40 рӯз пур мешавад. Корбарони шабака зикр мекунанд, ки дар натиҷаи қатъи алоқаи мобилӣ муддати як моҳ мардум бо хешовандону наздиконашон иртибот гирифта наметавонистанд. «Тӯли як […]

ASIA-Plus


Як гурӯҳи корбарони тоҷикистонии шабакаи иҷтимоии Facebook пешниҳод кардаанд, ки рӯзи 2-юми сентябр алайҳи ширкатҳои мобилӣ таҳрим эълон карда шавад. Дар ин сана ба оғози амалиёти низомӣ дар Хоруғ 40 рӯз пур мешавад.

Корбарони шабака зикр мекунанд, ки дар натиҷаи қатъи алоқаи мобилӣ муддати як моҳ мардум бо хешовандону наздиконашон иртибот гирифта наметавонистанд.

«Тӯли як моҳ ҳеҷ кадоме аз роҳбарони ширкатҳои мобилӣ қазияро шарҳ надода, аз мардум узр напурсиданд ва онҳоро бо андӯҳашон танҳо гузоштанд, – таъкид месозанд онҳо. – «Ним соати сукут» як навъ таҳримест алайҳи ширкатҳои мобилӣ, ки бидуни қарори додгоҳ (мутобиқи талаботи қонунгузории ҶТ) алоқа бо минтақаро қатъ намуданд. Ин нақзи мустақими ҳуқуқи инсон аст».

Аз корбарони тоҷикистонии ин шабака даъват мешавад, ки санаи 2-юми сентябр муддати расо ним соат телефонҳои мобилии худро хомӯш созанд, то ки «ба ҷои нозуктарини ширкатҳо – кисаашон зарба зананд».

Мебояд гуфт, ки аксари корбарони шабака ба эълони таҳрим ва хомӯш кардани телефонҳои ҳамроҳи худ розианд.

Ёдрас мекунем, ки соати 04:00-и субҳи рӯзи 24-уми июл то оғози амалиёти низомии нерӯҳои қудратӣ иртиботи телефонӣ бо маркази маъмурии ВМКБ – шаҳри Хоруғ қатъ гардид.

Он замон қатъи иртиботи телефонӣ бо шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои атрофи онро  сардори Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ Бег Зуҳуров комилан ба мушкилоти фаннӣ нисбат дода, изҳор карда буд, ки «ҳангоми рӯйдодҳои ба ҳамагон маълуми шаҳри Хоруғ

тир ба симҳо бархӯрдааст

, ки он ба қатъи алоқа боис гардид».

Алоқа тавассути телефонҳои хонагӣ бо Хоруғ рӯзи 28-уми июл ва иртибот тариқи телефонҳои ҳамроҳ 25-уми август барқарор шуд.

Дар ҳамин ҳол, ба ОИ «Азия-Плюс» муссар нагардид, ки дар бораи барқарор шудани алоқаи мобилӣ бо Хоруғ бевосита аз Хадамоти алоқи назди ҳукумати ҶТ маълумоте дастрас намояд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.