Ҳузури ҳайати Тоҷикистон дар конфронси байнулмилалии масоили муҳоҷират

Дар шаҳри Шанхайи Чин намояндагони Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар кори конфронси байнулмилалӣ оид ба масоили назорати раванди муҳоҷират ширкат варзиданд. Тавре аз хадамоти иттилоотиву таҳлилии Раёсати хадамоти муҳоҷират дар Душанбе ва навоҳии тобеи марказ хабар доданд, дар кори конфронс робарони мақомоти муҳоҷирати беш аз 30 кишвари ҷаҳон ҳузур доштаанд. Ба иттилои манбаъ, дар […]

Пайрав Чоршанбиев


Дар шаҳри Шанхайи Чин намояндагони Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар кори конфронси байнулмилалӣ оид ба масоили назорати раванди муҳоҷират ширкат варзиданд.

Тавре аз хадамоти иттилоотиву таҳлилии Раёсати хадамоти муҳоҷират дар Душанбе ва навоҳии тобеи марказ хабар доданд, дар кори конфронс робарони мақомоти муҳоҷирати беш аз 30 кишвари ҷаҳон ҳузур доштаанд.

Ба иттилои манбаъ, дар конфронс масоили назорати раванди муҳоҷират, муносибатҳои глобалии муҳоҷират, бунёди муҳити мусоиди назорати он ва мусоидат ба рушди ҳамкориҳои дӯстона дар ин самт баррасӣ шуда, оид ба масоили муҳим ва рӯзмарраи муҳоҷират ва таҷрибаи андӯхта дар ин самт табодули назар сурат гирифтааст.

«Ба масъалаи омӯзиши таҷрибаи Чин дар ин самт, ки хадамоти муҳоҷираташ аз имтиёзу салоҳиятҳо бархӯрдор аст, таваҷҷӯҳи хосса зоҳир шуда, намояндагони Чин ҷиҳати таъсиси форуми байнулмилалӣ оид ба масоили назорати марзӣ ташаббус нишон доданд», – гуфт манбаъ.

Дар доираи чорабиниҳои конфронс ҳайати Тоҷикистон бо Дабири кулли Созмони байнулмилалии муҳоҷират Уилям Лейси Свинг, намояндагони хадамоти муҳоҷирати Олмон, Канада, Қирғизистон, Нидерланд, ИМА, Ӯзбекистон, Фаронса ва Кореяи Ҷанубӣ дидору гуфтушунид анҷом дод.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.