Нақби «Шаҳристон» ахири сентябр ба истифода дода мешавад

Мувофиқи нақшаи ҳукумати ҷумҳурӣ, ахири моҳи сентябр бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маросими расмии мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани нақби «Шаҳристон» баргузор мешавад. Дар ин робита зимни мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов иброз дошт, ки ахири ҳафтаи гузашта нахуствазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов ва вазири нақлиёт Низом Ҳакимов аз […]

Аваз Юлдошев


Мувофиқи нақшаи ҳукумати ҷумҳурӣ, ахири моҳи сентябр бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маросими расмии мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани нақби «Шаҳристон» баргузор мешавад.

Дар ин робита зимни мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов иброз дошт, ки ахири ҳафтаи гузашта нахуствазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов ва вазири нақлиёт Низом Ҳакимов аз майдони сохтмони нақб боздид намуданд. «Дар ҷаласаи ситоди сохтмони иншоот бинокорон муваззаф шуданд, ки дар муҳлати пешбинишуда корҳои сохтмониро ба анҷом расонанд», – гуфт ӯ.

«Чорабиниҳои асосӣ дар мавриди ба истифода додани нақби «Шаҳристон» дар шаҳри Истаравшан доир мегарданд, – гуфт ӯ. – Дар Истаравшан сохтмони варзишгоҳ бо 20 ҳазор ҷойи нишаст дар арафаи анҷомёбӣ буда, ғайр аз ин, боз мавриди истифода қарор гирифтани як қатор иншооти иҷтимоиву маишӣ ва корхонаҳои саноатӣ дар назар аст».

Муовини раиси вилояти Суғд ҳамчунин иттилоъ дод, ки дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ба ифтихори таҷлили ҷашни навбатии солгарди истиқлоли ҷумҳурӣ беш аз 200 иншооти таъиноти саноативу иҷтимоӣ ва маишӣ ба истифода дода мешаванд.

Нақби «Шаҳристон» дар километи 180-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд, миёни ноҳияҳои Айниву Шаҳристон воқеъ буда, дарозии он 5 ҳазору 253 метрро ташкил медиҳад. Сохтмони нақби мазкур расман санаи 2-юми августи соли 2006 оғоз гардид.

Арзиши сохтмони нақб тибқи лоиҳа 175 млн. сомонӣ (51,7 млн. $)-ро ташкил медиҳад. Сохтмони нақби мазкур яке аз қисматҳои лоиҳаи азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ маҳсуб меёбад. Паймонкори генералии сохтмони нақб ширкати чиноии China Road аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.