Таваҷҷуҳи Тоҷикистон ба ҷалби сармояи Олмон

Ахири ҳафтаи гузашта зимни мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Шариф Раҳимзода бо вазири федералии рушд ва ҳамкории иқтисодии Олмон Дирк Нибел масоили имконоти ҷалби сармоягузории Олмон ба лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон баррасӣ шуданд. Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд, ҷалби ширкатҳои бузурги Олмон дар татбиқи лоиҳаву барномаҳои ҳаётан муҳим, рушди иқтисод […]

Пайрав Чоршанбиев


Ахири ҳафтаи гузашта зимни мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Шариф Раҳимзода бо вазири федералии рушд ва ҳамкории иқтисодии Олмон Дирк Нибел масоили имконоти ҷалби сармоягузории Олмон ба лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон баррасӣ шуданд.

Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд, ҷалби ширкатҳои бузурги Олмон дар татбиқи лоиҳаву барномаҳои ҳаётан муҳим, рушди иқтисод ва тиҷорат, энергетика ва саноат, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, тандурустӣ, таҳсилоти касбӣ ва рушди инноватсия аз масъалаҳои калидӣ ва баррасишавандаи мулоқот буданд.

Ба иттилои манбаъ, дар анҷом ҷонибҳо атрофи нақшаю тадбирҳои мутақобилан судманд ибрози назар намуданд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон низ Дирк Нибелро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Олмон баррасӣ шуда, таваҷҷуҳи зиёд ба рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва нақлиётию транзитӣ бо назардошти имконоти фарохи бозорҳои Афғонистону Покистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ зоҳир карда шуд.

Дирк Нибел таъкид дошт, ки Олмон ба дастгирии лоиҳаҳои зербиноии Тоҷикистон дар соҳаҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия, ки ба рушди кулли минтақа нигаронда шудаанд, манфиатдор аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.