Пойгоҳи низомии 201: Снаряди таркида ба мо тааллуқ надорад

Снаряде, ки чанд рӯз қабл дар наздикии ноҳияи Кӯлоб мавриди инфиҷор қарор гирифт, ба пойгоҳи низомии 201-уми Русия ҳеҷ муносибате надорад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз пойгоҳи мазкур хабар доданд, дар пойгоҳ назорати қатъии баҳисобгирӣ ва ҳамлу нақли аслиҳаву муҳимот ба роҳ монда шуда, зимни тамринҳои низомӣ бо оташфишонӣ тавассути асбоби махсус муҳимоти натаркидаро ба […]

ASIA-Plus


Снаряде, ки чанд рӯз қабл дар наздикии ноҳияи Кӯлоб мавриди инфиҷор қарор гирифт, ба пойгоҳи низомии 201-уми Русия ҳеҷ муносибате надорад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз пойгоҳи мазкур хабар доданд, дар пойгоҳ назорати қатъии баҳисобгирӣ ва ҳамлу нақли аслиҳаву муҳимот ба роҳ монда шуда, зимни тамринҳои низомӣ бо оташфишонӣ тавассути асбоби махсус муҳимоти натаркидаро ба қайд мегиранд, ки сипас онҳо аз ҷониби минпоккорҳо безарар гардонида мешаванд. «Ҳамчунин бо истифода аз сагҳои хадамоти ҷустуҷӯи минаҳо мунтазам қаламрави машқгоҳҳо ва манотиқи наздики он комилан поккорӣ карда мешаванд. Айни замон тамоми муҳимоти пойгоҳ дар ҷойҳои худ қарор доранд», – гуфт манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки чанд рӯз қабл дар ноҳияи наздимарзии Шӯрообод як навраси 9-солаи тоҷик аз таркиши муҳимоти ҷангӣ ба ҳалокат расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур хабар дод, наврас муҳимоти ҷангии натаркидаро каме дуртар аз маҳаллаи аҳолинишин дарёфт намуда, ба сӯи он санг меафканад. Бо расидани санг муҳимот таркида, наврас дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.

Дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад, тайи солҳои ахир дар ноҳияи Шӯрообод ин нафари чаҳордаҳум аст, ки аз таркиши муҳимоти ҷангӣ талаф меёбад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.