Сабаби пайдоши домана дар Хоруғ оби ифлос будааст

Сабаби пайдоши домана дар Хоруғ оби ифлоси ошомиданӣ будааст. Дар ин робита як корманди Хадамоти ҷумҳуриявии санитарӣ-эпидемиологии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров гуфт, ташхиси оби ошомидании якчанд минтақаҳои шабакаҳои обтақсимкуни шаҳри Хоруг ин гумони табибонро тасдиқ намуданд. «Ташхис нишон дод, ки дар натиҷаи садама дар шабакаҳои обтақсимкун, микробҳои ангезандаи ин беморӣ ба оби ошомиданӣ омехта шудаанд, – […]

Аваз Юлдошев


Сабаби пайдоши домана дар Хоруғ оби ифлоси ошомиданӣ будааст.


Дар ин робита як корманди Хадамоти ҷумҳуриявии санитарӣ-эпидемиологии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров гуфт, ташхиси оби ошомидании якчанд минтақаҳои шабакаҳои обтақсимкуни шаҳри Хоруг ин гумони табибонро тасдиқ намуданд.

«Ташхис нишон дод, ки дар натиҷаи садама дар шабакаҳои обтақсимкун, микробҳои ангезандаи ин беморӣ ба оби ошомиданӣ омехта шудаанд, – гуфт вай. – Имрӯз мутахассиси хадамот бо натоиҷи ташхис ба Хоруғ сафар карда, ба табибони маҳал дар кори комилан нест кардани сарчашмаи гирифторӣ ба беморӣ кӯмак хоҳад расонид».

Мутахассис мегӯяд, тайи се рӯзи ахир дар Хоруғ дигар ҳодисаҳои мубтало шудан ба бемории домана сабт нашудааст. «Шурӯъ аз 15-уми август то ахири ҳафтаи гузашта ба гумони гирифторӣ ба бемории домана 12 нафар сокинони шаҳри Хоруғ бистарӣ шуда, имрӯз беморони нахустин ба манзилҳояшон рухсатӣ мешаванд», – афзуд номбурда. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.