Буҷети давлатии соли оянда каме дертар қабул мешавад

Буҷети давлатии соли ояндаро ҳукумати Тоҷикистон бо назардошти муқаррароти Кодекси нави ҷумҳурӣ таҳия мекунад. Дар ҳамин ҳол, кумитаҳои палатаи поёнии парлумон баррасии лоиҳаи Кодекси андоз дар таҳрири навро аллакай ба итмом расонида, бо пешниҳоди президенти ҷумҳурӣ он бояд дар ҷаласаи палатаи поёнии парлумон ҳафтаи оянда – рӯзи 5 сентябр мавриди баррасӣ қарор гирад. Дар робита […]

Пайрав Чоршанбиев


Буҷети давлатии соли ояндаро ҳукумати Тоҷикистон бо назардошти муқаррароти Кодекси нави ҷумҳурӣ таҳия мекунад.

Дар ҳамин ҳол, кумитаҳои палатаи поёнии парлумон баррасии лоиҳаи Кодекси андоз дар таҳрири навро аллакай ба итмом расонида, бо пешниҳоди президенти ҷумҳурӣ он бояд дар ҷаласаи палатаи поёнии парлумон ҳафтаи оянда – рӯзи 5 сентябр мавриди баррасӣ қарор гирад.

Дар робита ба ин масъала узви Кумитаи МН МО ҶТ оид ба буҷет, молия ва андоз Исмоил Талбаков изҳор кард, ки ҳафтаи равон баррасии пешниҳодоти кумитаҳо ва вакилон дар назар аст.

«Маъмулан ҷаласаҳои палатаи поёнии парлумон пас аз таътили тобистона моҳи октябр оғоз мегарданд, вале имсол бо пешниҳоди президент баҳри суръат бахшидан ба ҷараёни қабули кодекси нав ва бо назардошти муқаррароти он аз ҷониби ҳукумат таҳия шудани буҷети соли оянда, ҷаласа аввали моҳи сентябр шурӯъ мешавад», – гуфт ӯ.

Номбурда таъкид кард, ки буҷети давлатии соли оянда аз ҷониби палатаи поёнии парлумон шояд каме дертар аз вақти маъмулӣ қабул гардад, зеро нахуст бояд Кодекси нави андоз ва бастаи асноди зерқонуни он қабул гардад. «Эҳтимол буҷети давлатӣ барои соли 2013 на нимаи моҳи ноябр чун ҳарвақта, балки нимаи моҳи декабр қабул карда шавад», – афзуд Талбаков.

Ёдрас мекунем, ки санаи 30-юми июл дар ҷаласаи ҳукумати ҷумҳурӣ лоиҳаи Кодекси андози Тоҷикистон дар таҳрири нав баррасӣ шуд. Мутобиқи муқаррароти он, шумори андозҳо дар кишвар аз 21 то ба 10 номгӯй кам карда мешавад. Кодекси нави андоз марҳила ба марҳила, шурӯъ аз соли 2013 то соли 2017 мавриди амал қарор дода мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.