Суғд: Ҳалокати панҷ нафар дар садамаи нақлиёт

Бар асари садамаи нақлиёти рӯзи 26-уми август дар километри 110-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд панҷ нафар ба ҳалокат расиданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати БДА ВКД-и Тоҷикистон хабар доданд, садамаи фоҷеабор дар қаламрави ноҳияи Айнӣ рух додааст. «Ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» Даврон Набиеви 26-сола аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракат мебарояд […]

Аваз Юлдошев


Бар асари садамаи нақлиёти рӯзи 26-уми август дар километри 110-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд панҷ нафар ба ҳалокат расиданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати БДА ВКД-и Тоҷикистон хабар доданд, садамаи фоҷеабор дар қаламрави ноҳияи Айнӣ рух додааст. «Ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» Даврон Набиеви 26-сола аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракат мебарояд ва ба автомашинаи тамғаи «Митсубиси Паҷеро» таҳти дораи Бахтиёр Абдуллоеви 41-сола бармехӯрад», – гуфтанд дар Раёсати БДА.

Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи ин бархӯрд автомашина «Мерседес» ба рӯдхонаи Фондарё сарозер меравад. «Ронандаи автомашина ва мусофирони он – Таҳмина Холматоваи 35-сола, Саида Ғафуроваи 15-сола, Парвина Ғафуроваи 5-сола ва Ҷаҳонгир Ғафуров дар дарё ғарқ шудаанд», – афзуд манбаъ.

Зикр гардид, ки айни замон ҷиҳати дарёфти ва берун овардани ҷасади фавтидагон чораҳо андешида мешаванд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.