Акси садои ҷангҳои минавӣ дар Тоҷикистон

Имрӯз аз замони бори нахуст дар қитъаи Хонободи ноҳияи Исфараи марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон бар асари таркиши мина ҳалок шудани 6 нафар шаҳрванди Тоҷикистон расо 12 сол пур мешавад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари амалиёти Маркази Тоҷикистон оид ба масоили мина Парвиз Мавлонқулов хабар дод, айни замон шумори ҷабрдидагон 81 нафар захмиву 76 тан фавтидаро ташкил […]

Наргис Ҳамробоева


Имрӯз аз замони бори нахуст дар қитъаи Хонободи ноҳияи Исфараи марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон бар асари таркиши мина ҳалок шудани 6 нафар шаҳрванди Тоҷикистон расо 12 сол пур мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари амалиёти Маркази Тоҷикистон оид ба масоили мина Парвиз Мавлонқулов хабар дод, айни замон шумори ҷабрдидагон 81 нафар захмиву 76 тан фавтидаро ташкил медиҳад, ки ҳамаашон аҳолии осоишта мебошанд.

«Соли 2000-ум Ӯзбекистон 1 ҳазору 200 километри марзро мингузорӣ карда буд, вале бинобар сабаби узви Конвенсияи Оттава набудан, ба пешниҳоди харитаи қитъаҳои мингузоришуда уҳдадор нест, – гуфт вай. – Аз ин рӯ, айни замон дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳеҷ гуна таҳқиқот ва корҳои поккории минтақаҳо аз мина гузаронида намешаванд. Мо танҳо ба ҷабрдидагон кӯмак расонида, аз мавҷудити хатари мина онҳоро огоҳ менамоем».

Дар робита ба масъалаи ҳалокати як наврас дар ноҳияи Шӯрообод бар асари инфиҷори снаряди натаркида, ки чанде қабл дар ноҳияи Шӯрообод рух дод, номбурда гуфт, ҳоло маълум нест, ки ин снаряд аз куҷо ба ин мавзеъ афтода бошад ва ба тафтишоти ҳодисаи мазкур мақомоти ҳифзи ҳифзи ҳуқуқ салоҳиятдоранд.

«Ҳоло боз 7 млн. метри мураббаъи қаламрави кишварро, ки  зиёда аз 200 майдонҳои минадорро ташкил медиҳанд, мебояд аз мина поккорӣ намуд. Ин майдонҳо асосан дар марзи Тоҷикистону Афғонистон, минтақаи марказии ҷумҳурӣ ва Сағирдашт воқеъанд. Ин минтақаҳо аслан макони даргириҳои шадиди ҷанги шаҳрвандианд», – гуфт ӯ.

Мавлонқулов иброз дошт, ки мутобиқи Конвенсия, соли 2020 Тоҷикистон бояд кишвари озод аз минаҳо гардад. «Солҳои пешин имконоти мо он қадр кофӣ набуд, вале феълан бо дастгирии Фондҳои безараргардонӣ аз минаи Швейтсарияву «Кӯмаки мардуми Норвегия» ва дар ҳамдастӣ бо Созмони миллии «Иттифоқи сапёрони Тоҷикистон» ва Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ мо бо 3 мошини поккории мина ва 22 сагҳои махсус омӯзонидашуда таъмин буда, дар барномаҳои ин самт ҳудуди 250 нафар, аз ҷумла сапёрон низ машғули коранд ва комилан қодирем, ки ин корро то соли 2020 низ ба итмом расонем», – афзуд номбурда.  

Қобили зикр аст, ки шурӯъ аз соли 1992 дар Тоҷикистон бар асари инфиҷори мина ва дигар муҳимоти натаркида 368 нафар ҳалок ва боз 475 нафари дигар захмӣ шудаанд

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.