Беш аз 6 млн. еврои ИА баҳри дастгирии буҷети Тоҷикистон

Вазорати молияи Тоҷикистон ва намояндагии Иттиҳоди Аврупо таъминоти транш дар миқдори 6 млн. 287,5 ҳазор евро барои дастгирии буҷаи ҷумҳурияв иро эълон карданд. Тавре аз намояндагии ИА дар Тоҷикистон хабар доданд, пардохти транш шаҳодат медиҳад, ки Тоҷикистон шарт ва талаботҳои барнома, яъне ба даст овардани беҳбудиҳо дар соҳаи идораи давлатии молиявӣ ва татбиқ намудани баъзе чорабиниҳои ислоҳотӣ дар бахши […]

ASIA-Plus


Вазорати молияи Тоҷикистон ва намояндагии Иттиҳоди Аврупо таъминоти транш дар миқдори 6 млн. 287,5 ҳазор евро барои дастгирии буҷаи ҷумҳурияв иро эълон карданд.

Тавре аз намояндагии ИА дар Тоҷикистон хабар доданд, пардохти транш шаҳодат медиҳад, ки Тоҷикистон шарт ва талаботҳои барнома, яъне ба даст овардани беҳбудиҳо дар соҳаи идораи давлатии молиявӣ ва татбиқ намудани баъзе чорабиниҳои ислоҳотӣ дар бахши тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро қонеъ гардонд. Транши мазкур дар чорчӯбаи Барномаи дастгирии рушди инсон пардохт карда шуд. 

 Ба иттилои манбаъ, барномаи сесолаи дар боло зикркардашуда бо маблағи зиёда аз 26 млн. евро ба масоили зерин мусоидат хоҳад намуд: 1) пеш бурдани ислоҳот дар бахши хизматрасонӣ бо афзалият ба тақвият додани кӯмаки аввалияи тиббии санитарӣ, беҳбудии идора ва маблағгузорӣ дар соҳаи тандурустӣ, 2) чорчӯбаи самараноктари сиёсат ва идораи нафақа, 3) самарабахшии мукаммали хароҷотҳои давлатӣ дар соҳаҳои дар боло зикршуда тариқи беҳбудии идораву ҷавобгарии молиявӣ ва шаффофият ва 4) шарикии ботаркиби бахшҳои хусусиву давлатӣ  бо иштироки фаъолонаи ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар хизматрасонии иҷтимоӣ. 

Ҷаноби Наҷмиддинов, вазири молия таъкид намуд, ки Тоҷикистон аз ин пас низ барои амалигардонии бомуваффақияти барнома ҷидду ҷаҳд хоҳад намуд.

Ҷаноби Эдуард Ауэр, сафир, роҳбари намояндагии ИА бар   он ақидааст, ки «пардохти 6 миллион евро – ифодакунандаи дастгирии давомёбандаи ИА ба дурнамои ҳукумати Тоҷикистон оиди ислоҳоти соҳаҳои тандурустӣ ва иҷтимоӣ ва барномаи пасткунии сатҳи камбизоатӣ мебошад». 

Ҷаноби Ауэр илова кард, ки «илова бар таъминкунии кӯмаки машваратии тақвияти потенциали муассисаҳои стратегӣ, намояндагии ИА ҳамкории зичро бо ҳукумат дар ислоҳоти равандҳои сиёсати асосӣ идома хоҳад дод».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.