Тасдиқи нақшаи чорабиниҳои идонаи пойтахт дар ҷашни истиқлол

Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе баҳри омодагӣ ва таҷлили 21-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар пойтахт тасдиқ шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар доданд, мутобиқи нақшаи тасдиқшуда, рӯзи 9-уми сентбр дар ҷойҳои гаштугузори оммавии сокинони пойтахт намоишгоҳу ярмаркаҳои гуногун созмон дода мешаванд. Ба иттилои манбаъ, дар боғҳои […]

Аваз Юлдошев


Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе баҳри омодагӣ ва таҷлили 21-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар пойтахт тасдиқ шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар доданд, мутобиқи нақшаи тасдиқшуда, рӯзи 9-уми сентбр дар ҷойҳои гаштугузори оммавии сокинони пойтахт намоишгоҳу ярмаркаҳои гуногун созмон дода мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, дар боғҳои фарҳангу истироҳат «Дӯстии халқҳо», «Кӯли ҷавонон», майдонҳои 800-солагии Маскав ва назди Парчами давлатии Тоҷикистон консерти идонаи устодони санъат доир мегардад. Соати 10-и субҳи ҳамин рӯз дар боғи фарҳангу истироҳати «Боғи пойтахт» консерти ҳунамандони Филармонияи давлатии ҷумҳурӣ баргузор мешавад.

Зикр гардид, ки шоми рӯзи 9-уми сентябр дар маҷмааи «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт таҳти унвони «Нишоти истиқлолият» намоиши театрикунонидашуда сурат гирифта, бо мушакпарронии (фейерверк) 5-дақиқаина ба итмом мерасад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.