Прокуратураи генералӣ ҲНИТ-ро гунаҳкор мекунад

Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар бораи қонуншиканиҳое, ки зимни санҷиши фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ошкор шудаанд ва аъзои ҳизб, ки ба содир намудани ҷиноят алайҳи сохти конститутсионӣ гунаҳкор дониста мешаванд, ахбор интишор намуд. Прокуратураи генералӣ аз ҷумла раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ Шерик Карамхудоевро дар муқовимати мусаллаҳона бо нерӯҳои ҳукуматӣ гунаҳкор медонад. Дар ахбор […]

Меҳрангез Турсунзода, Аваз Юлдошев


Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар бораи қонуншиканиҳое, ки зимни санҷиши фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ошкор шудаанд ва аъзои ҳизб, ки ба содир намудани ҷиноят алайҳи сохти конститутсионӣ гунаҳкор дониста мешаванд, ахбор интишор намуд.

Прокуратураи генералӣ аз ҷумла раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ Шерик Карамхудоевро дар муқовимати мусаллаҳона бо нерӯҳои ҳукуматӣ гунаҳкор медонад.

Дар ахбор зикр мегардад, ки аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятии Имомназаров И.О. – раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ Ш. Карамхудоев шаби 23-юми июли соли 2012 бо даъвати додари И.О. Имомназаров – Султонназар Имомназаров ба қаҳвахонаи «Алёш»-и шаҳри Хоруғ рафтааст, ки дар он ҷо ҷавонони зиёд ҷамъ омадаанд. С. Имомназаров бо супориши бародараш И.О. Имомназаров ба ӯ ва дигар ҷавонон либоси ҳарбӣ ва яроқҳои оташфишон, аз қабили пулемёти Калашников, автоматҳои Калашников, гранатамёт, гранатаҳо ва дигар воситаҳои таркиши худсохт дода, ӯро сардори гурӯҳи 21-нафара таъин карда, мавқеи ҷойгиршавиашонро дар рӯ ба рӯи отряди сарҳадбонон, воқеъ дар шаҳри Хоруғ муайян кардааст. Шаби 23-юм ба 24-уми июли соли 2012 онҳо бо истифода аз яроқҳои оташфишон ва дигар воситаҳои тарканда ба муқобили ниҳодҳои ҳукуматӣ муқовимати мусаллаҳона намудаанд.

Дар робита ба фаъолияти ҲНИТ дар Хоруғ Прокуратураи генералӣ аз қавли Шерик Карамхудоев иттилоъ медиҳад, ки «ягон аъзои ҳизб аъзоҳаққӣ насупорида, баръакс кормандони бахшҳои ҳизб дар шаҳри Хоруғ ва гирду атрофи он тавассути ӯ ҳар моҳ 600 сомонӣ аз ҳисоби ҲНИТ мегирифтаанд».

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 24-уми июл зимни амалиёти нерӯҳои ҳукуматӣ дар Хоруғ Ш.Карамхудоев бедарак шуда, санаи 8-уми август маълум шуд, ки ӯ дар тавқифгоҳи муваққатии КДАМ дар Душанбе қарор дорад. 23-юми август дар Хоруғ раиси бахши ҲНИТ дар ВМКБ Сабзалӣ Мамадризоев кушта шуд. Айн замон беш аз 3 ҳазор нафар аҳолии Бадахшон аъзои ҲНИТ мебошанд.

Дар ахбори Прократураи генералӣ ҳамчунин гуфта мешавад, давоми солҳои 2010-2011 ҲНИТ дар бораи ба сафи ҳизб павастани 600 нафар сокинони ноҳияи Исафра дар ин давра хабар дода буд, вале тибқи ҳуҷҷатҳо онҳо ҳамагӣ 80 нафарро ташкил медодаанд.

Ҳамчунин дар ахбор ҲНИТ ба риоя накардани муқаррароти ҳуҷҷатгузорӣ зимни қабулу хориҷ кардани аъзои ҳизб, пардохти аъзоҳаққӣ, даст доштани аъзои ҳизб ба созмонҳои ифротгаро аз қабили «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон» ва «Ҳизб-ут-Таҳрир» муттаҳам карда мешавад.

Муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалии Ҳаит инро фишор болои ҳизб дар остонаи интихоботи президентии соли 2013 арзёбӣ намуда, изҳор кард, ки бо интишори ин ахбор Прокуратураи генералӣ ният дорад, ки ҷараёни баррасии шикояти ҲНИТ дар бораи ғайриқонунӣ будани баргузории санҷиши фаъолияти аҳзоб аз болои мақомоти прокуратураро мутаваққиф созад.

«Суди ноҳияи Синои пойтахт пас аз баррасии думоҳа шикояти моро қонеъ накард, вале мо ба зинаи дигари бозбинии додгоҳӣ – Ҳайати мушовараи кассатсионӣ оид ба парвандаҳои шаҳрвандии шаҳри Душанбе муроҷиат намудем ва минбаъд низ онро пайгирӣ хоҳем кард», – гуфт муовини раиси ҲНИТ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.