ВАО-и Ӯзбекистон: Аз Эрон ба нерӯгоҳи «Роғун» масолеҳи сохтмон фиристода мешавад

Нашрияи ӯзбекии «Ҳаракат» иттилоъ медиҳад, ки ширкатҳои хориҷии боркашонӣ ба интиқоли масолеҳи сохтмон аз Эрон ба Тоҷикистон барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» машғуланд, вале соҳибкорони эронӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки нуқтаи таъиноти аслии борро пинҳон созанд. Нашрия менависад, ширкатҳои хориҷӣ бахусус ба сохторҳои бузургҳаҷм аз металл ба андозаи то 50 метри мураббаъ таваҷҷуҳ зоҳир […]

ASIA-Plus


Нашрияи ӯзбекии «Ҳаракат» иттилоъ медиҳад, ки ширкатҳои хориҷии боркашонӣ ба интиқоли масолеҳи сохтмон аз Эрон ба Тоҷикистон барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» машғуланд, вале соҳибкорони эронӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки нуқтаи таъиноти аслии борро пинҳон созанд.

Нашрия менависад, ширкатҳои хориҷӣ бахусус ба сохторҳои бузургҳаҷм аз металл ба андозаи то 50 метри мураббаъ таваҷҷуҳ зоҳир сохтаанд, ки минбаъд дар сохтмони иншооти нерӯгоҳ истифода мешаванд.

«Баъзе ширкатҳо аз корхонаҳои мошинсозии Ҷопон дар Эрон интиқоли ин сохторҳои металлиро мустақиман анҷом медиҳанд ва танҳо баъди гузашти чанд муддате онҳо аллакай бо ҳуҷатҳои дигар ба Тоҷикистон оварда мешаванд. Мувофиқи асноди ҳамлу нақли бор, ки аз ҷониби истеҳсолкунандагони ҷопонӣ тартиб дода шудааст, ирсолкунандаи сохторҳои металлӣ ширкати ҷопонии «SHINJUKU TATSUMI BLDG» буда, мувофиқи асноди эрониҳо бошад, ин сохторҳо ҳамчун масолеҳи сохтмони шаҳрвандӣ унвон мешаванд», – муътақид аст муаллифи маводи нашрия.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки моҳи июли соли равон то анҷоми ташхиси Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистон идомаи кор дар нерӯгоҳи «Роғун»-ро мутаваққиф кард. Аз моҳи феврали соли 2011 Бонки ҷаҳонӣ ба санҷиши лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳ аз нигоҳи фанниву иқтисодӣ ва таъсири он ба муҳити зисту экология машғул буда, иштироки ин ниҳоди молиявӣ дар амалисозии лоиҳа ба натоиҷи санҷиш вобаста аст. Мониторинг аз ҷониби ширкати швейтсарии Poory Energy Ltd гузаронида мешавад.

Ёдрас мекунем, ки кишвари ҳамсояи Ӯзбекситон мухолифи сарсахти сохтмони сарбанди баландтарини 330-метраи нерӯгоҳи «Роғун» аст. Бо вуҷуди ин, Тоҷикистон ният дорад, ки ин лоиҳаро амалӣ сохта, ба содироткунандаи асосии барқи минтақа ба Афғонистону Покистон табдил ёбад.   

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.