Ҷаласаи дуюми Шӯрои ҷамъиятии назди Хадамоти муҳоҷират

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи дуюми Шӯрои ҷамъиятии назди Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон доир мегардад. Бино ба маълумоти маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират, дар ҷаласаи Шӯро вазъи муҳоҷират ва мушкилоти мавҷуда соҳаи мазкур мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Ба иттилои манбаъ, ҷиҳати баррасии ин масоил ва дарёфти роҳи ҳалли мушкилоти ин бахш ба кори ҷаласа аъзои […]

ASIA-Plus


Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи дуюми Шӯрои ҷамъиятии назди Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон доир мегардад.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират, дар ҷаласаи Шӯро вазъи муҳоҷират ва мушкилоти мавҷуда соҳаи мазкур мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Ба иттилои манбаъ, ҷиҳати баррасии ин масоил ва дарёфти роҳи ҳалли мушкилоти ин бахш ба кори ҷаласа аъзои Шӯро ва кормандони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, намояндагони созмонҳои ҷамъиятиву байнулмилалӣ, пажӯҳишгоҳҳо, намояндагии Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар Тоҷикистон ва ҳамчунин даспораҳои миллии муқими кишвар даъват шудаанд.

Зикр гардид, ки дар ҷаласа барои беҳбуди вазъи муҳоҷират пешниҳоду тавсияҳо ироа гардида, тадбирҳои судманд андешида хоҳанд шуд.

Шӯрои ҷамъиятӣ як мақоми машваратӣ дар назди Хадамоти муҳоҷират буда, фаъолияти корхонаҳои давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва муассисаҳои илмӣ дар бахши муҳоҷиратро ҳамоҳанг месозад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.