Қарзи истифодаи барқи минтақаи Кӯлоб ба 30 млн. сомонӣ расид

Қарзҳо аз истифодаи барқи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон бо назардошти қарзҳои пешин ба 30 млн. сомонӣ расиданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори шабакаҳои минтақавии барқи (бидуни хизматгузорӣ ба шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Данғара) Кӯлоб Мирзо Исмоилов хабар дод, аз ин миқдор қарз 14,7 млн. сомонӣ ба воҳидҳои Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об ва 14,4 млн. […]

Турко Дикаев


Қарзҳо аз истифодаи барқи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон бо назардошти қарзҳои пешин ба 30 млн. сомонӣ расиданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори шабакаҳои минтақавии барқи (бидуни хизматгузорӣ ба шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Данғара) Кӯлоб Мирзо Исмоилов хабар дод, аз ин миқдор қарз 14,7 млн. сомонӣ ба воҳидҳои Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об ва 14,4 млн. сомонӣ ба аҳолии минтақа рост меояд.

Ба қавли вай, ахиран тамоили коҳиши маблағи қарзи аҳолӣ ба мушоҳида расида, вале воҳидҳои вазорати зикршуда қариб тамоман ба пардохти маблағи истифодаи барқ таваҷҷуҳ зоҳир намесозанд.

Дар ҳамин ҳол, ба иловаи корҳои таъмири нақшавӣ ба маблағи 2,5 млн. сомонӣ барои як сол, ҷиҳати омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон корҳои зиёде ба анҷом мерасанд.

«Аз 21 банди чораҳои махсуси омодагӣ мо 17-тоашро аллакай ба иҷро расонидем ва 4-тои он низ дар арафаи анҷомёбинад», – гуфт Исмоилов ва афзуд, ки корҳои асосии таъмиру таҷдид дар қитъаҳои душворгузари ноҳияҳои Ховалинг, Шӯрообод ва Темурмалик ба итмом расидаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.