Президенти Тоҷикистон ба Эрон сафар кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар иҷлосияи шонздаҳуми сарони давлатҳои узви Ҳаракати адами тааҳҳуд (Non-Aligned Movement – NAM) ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар кард. Иҷлосия дар пойтахти Эрон санаи 26-уми август дар сатҳи коршиносон оғоз гардида, имрӯз дар сатҳи сарони кишварҳо ҷаласаи якум баргузор мешавад. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин […]

ASIA-Plus


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар иҷлосияи шонздаҳуми сарони давлатҳои узви Ҳаракати адами тааҳҳуд (Non-Aligned Movement – NAM) ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар кард. Иҷлосия дар пойтахти Эрон санаи 26-уми август дар сатҳи коршиносон оғоз гардида, имрӯз дар сатҳи сарони кишварҳо ҷаласаи якум баргузор мешавад.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин сафар президенти Тоҷикистонро вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ, мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Ҳаракати адами тааҳҳуд созмони байнулмилалӣ буда, соли 1955 таъсис ёфтааст. Ба ҳайати он 118 кишвар шомиланд, ки ҳамроҳ нашудан ба ҳеҷ кадоме аз эътилофу иттиҳодҳоро эълом доштаанд. Нишастҳои ҳаракат дар сатҳи сарони кишварҳои узв 15 маротиба доир гаштаанд.

Нишасти охирини ин Ҳаракат аз 11 то 16-уми моҳи июли соли 2009 дар Миср баргузор шуд. Ҳайати Ҳаракат аз 53 кишвари Африқо, 39 давлати қораи Осиё, 26 кишвари Амрикои Лотинӣ ва 1 давлати Аврупо иборат аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.