Раиси вилояти Суғд бо корҳои таҷдиди қасри Арбоб шинос шуд

Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо мақсади шиносоӣ бо корҳои ободонӣ ва азнавбарқароркунии қасри “Арбоб” ба ин мавзеъ ташриф овард. Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, раиси вилоят, пеш аз ҳама, ба раванди ободонии саҳни иншооти таърихӣ, аз ҷумла бунёди фаввораҳо мароқ зоҳир кард. Қоҳир Расулзода зикр намуд, ки ба сифату ранги […]

ASIA-Plus


Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо мақсади шиносоӣ бо корҳои ободонӣ ва азнавбарқароркунии қасри “Арбоб” ба ин мавзеъ ташриф овард.

Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, раиси вилоят, пеш аз ҳама, ба раванди ободонии саҳни иншооти таърихӣ, аз ҷумла бунёди фаввораҳо мароқ зоҳир кард. Қоҳир Расулзода зикр намуд, ки ба сифату ранги фаввораҳо эътибор диҳанд, то ки он ба бошандагон эҳсоси роҳат ва хушҳолӣ ҳадя намояд.

Раиси вилоят бо рафти корҳои таъмири бинои қаср  шинос шуда, ба сохтмончиён ва мутасаддиён барои бо сифати баланд дар мӯҳлати муқаррарӣ ба анҷом расондани он супориш дод. Мазмуну мундариҷаи қасри “Арбоб”-ро дар тарҳи нав маҷмӯи осорхонаҳо пурра хоҳад кард. Раиси вилоят таъкид намуд, ки дар бунёди осорхона ба сифати ҷамъоварии мавод, ҷобаҷогузории экспонатҳо ва тарзи равшанидиҳии бино таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда шавад ва он бояд ба меъёрҳои байналмилалии осорхонадорӣ мутобиқ бошад.

Ҳамчунин Қоҳир Расулзода ба рафти бунёди чойхонаи  миллӣ, ки сохтмонаш моҳи сентябри соли 2011 оғоз ёфта буд, мароқ зоҳир намуд. Ва ба роҳбарияти сохмончиён ва меъморон барои бо сифати баланду тарзи меъмории миллӣ анҷом бахшидани иншоот маслиҳат дод. Ёдовар мешавем, ки чойхонаи боҳашамати миллӣ, ки барои 1200 ҷои нишаст пешбинӣ шудааст, бо намуди дилрабои хеш ба қасри номдор ҳусни тоза зам хоҳад кард.

Айни ҳол дар сохтмони чойхонаи миллӣ 130 нафар коргари ҶДММ «Евростройсервис» (сарвари кулл Мақсудҷон Умаров), дар ҷойҳои махсус наздик 500 нафар ба кандакориву гачкорӣ ва корҳои васлкунии оҳану бетонрезӣ, пардозу ҳамворкунии фарш дар таҳхона. ороиши атрофи роҳи асосӣ ва дигар корҳои сохтмонӣ машғуланд.

Қоҳир Расулзода ба мутасаддиёни сохтмон супориш дод, ки то санаи 1 сентябр ҷадвали кории ҳаррӯзаи рафти корҳои сохтмонӣ ва мӯҳлати анҷоми корҳоро ба таври дақиқ ба ӯ пешниҳод кунанд ва гуфт, ки то 20 октябр иншоот ба пуррагӣ ба итмом расонида шавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.