Ҷасадҳои оилаи Ғафуровҳо то ҳол дарёфт нашудааст

Муддати се рӯз аст, ки наҷотдиҳандагон ҷасадҳои дар садамаи нақлиёт фавтидаи волидайн ва се нафар кӯдакони синнусоли аз 5 то 15-солаи онҳоро дарёфт карда наметавонанд. Садамаи нақлиёти мазкур рӯзи 26-уми август дар километри 110-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд, дар қаламрави ноҳияи Айнӣ ба вуқӯъ пайваст. Бино ба маълумоти Раёсати БДА-и ВКД, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» Даврон […]

Наргис Ҳамробоева


Муддати се рӯз аст, ки наҷотдиҳандагон ҷасадҳои дар садамаи нақлиёт фавтидаи волидайн ва се нафар кӯдакони синнусоли аз 5 то 15-солаи онҳоро дарёфт карда наметавонанд. Садамаи нақлиёти мазкур рӯзи 26-уми август дар километри 110-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд, дар қаламрави ноҳияи Айнӣ ба вуқӯъ пайваст.

Бино ба маълумоти Раёсати БДА-и ВКД, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» Даврон Ғафурови 36-сола аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракат мебарояд ва ба автомашинаи тамғаи «Митсубиси Паҷеро» таҳти идораи Бахтиёр Абдуллоеви 41-сола бармехӯрад.

Дар натиҷаи ин бархӯрд автомашинаи «Мерседес» ба рӯдхонаи Фондарё сарозер рафта, ҳамаи аъзои оилаи Ғафуровҳо дар дарё ғарқ шуданд.

Дар ҳамин ҳол, ба амалиёти ҷустуҷӯ ширкати алоқаи мобилии «Tcell» низ бипайваст, ки саробони оила Даврон Ғафурови 36-сола дар онҷо фаъолият дошт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз идораи ширкати мазкур хабар доданд, чанде қабл ба муштариёни ширкат аз ноҳияҳои Айниву Панҷакент sms-паёмак фиристода шуда, дар он дархост мегардад, ки дар сурати пайдо шудани ҷасадҳо дар рӯдхонаҳои Фондарёву Зарафшон ба телефони 92-806-66-66 занг зананд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.