Таваққуфи беш аз 5-соатаи парвози ҳавопаймои самти Истамбул

Мусофирони хатсайри ҳавоии Душанбе-Истамбул, ки аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» анҷом дода мешавад, ба идораи ОИ «Азия-Плюс» занг зада, шикоят карданд, ки муддати 5 соат парвози ҳавопаймо мутаваққиф шудааст. «Ба мо дар бораи сабаби таваққуфи парвоз чизеро шарҳ надода, ҳамчунин моро ба оби нӯшокӣ ва ғизо таъмин накарданд. Чанд маротиба вориди ҳавопаймоямон карданду боз […]

ASIA-Plus


Мусофирони хатсайри ҳавоии Душанбе-Истамбул, ки аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» анҷом дода мешавад, ба идораи ОИ «Азия-Плюс» занг зада, шикоят карданд, ки муддати 5 соат парвози ҳавопаймо мутаваққиф шудааст.

«Ба мо дар бораи сабаби таваққуфи парвоз чизеро шарҳ надода, ҳамчунин моро ба оби нӯшокӣ ва ғизо таъмин накарданд. Чанд маротиба вориди ҳавопаймоямон карданду боз аз он берун оварданд», – гуфтанд онҳо.

Дар робита ба ин масъала ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» иттилоъ доданд, ки бозистии парвози ҳавопаймо ба ниҳоят зиёд будани қабулу парвози ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳи Истамбул вобаста будааст. «Ҳангоме ки ба парвоз иҷозат шуду мо мусофиронро ба ҳавопаймо ворид намудем, дар ҳавопаймо камбуди фаннӣ ошкор гардид ва баҳри таъмини амнияти парвоз зарурати бартараф кардани он ба миён омад. Аз ин рӯ, лозим омад, ки мусофиронро боз дар толори интизории парвоз ҷой диҳем. Айни замон камбуди фаннӣ бартараф шуда, ҳавопаймо ба парвоз омода аст», – гуфтанд дар ширкат.

Ҳамчунин намояндагони ширкати ҳавопаймоӣ таъкид карданд, ки мусофирон пас аз се соати таваққуфи парвоз бо ғизои гарм ва дар тамоми муддати интизорӣ бо оби нӯшокӣ дар шишаҳо таъмин карда шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.