Д.Назриев: Рӯйдодҳои Хоруғ заифии фаъолияти сохторҳои давлатиро нишон доданд

Date:


Роҳбари департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Давлат Назриев бар ин назар аст, ки рӯйдодҳои ахири шаҳри Хоруғ заифии фаъолияти сохторҳои давлатиро нишон доданд.

«Ҳангоме ки ба ин монанд чорабиниҳои муҳим баргузор мешаванд, онҳо бояд саривақт аз ҷониби сохторҳои дахлдор инъикос гарданд», – гуфт ӯ зимни мизи гирд таҳти унвони «Таҳдидҳои муосир дар соҳаи фазои иттилоотӣ ва нақши ВАО дар Тоҷикистон».

Ба қавли Назриев, маълумоти интишоршуда замони ин рӯйдод дар ВАО, аз ҷумла матбуоти Аврупо асоси воқеӣ надоштанд. «Мо аз он изҳори тааҷҷубу нигаронӣ доштем, ки ба ҷомеа маълумоти носаҳеҳ пешниҳод мегардад», – қайд кард вай.

Ӯ мутмаин аст, ки ташаббуси пахши маълумот дар ин ҳолатҳо бояд аз ҷониби сохторҳои давлатӣ бештар зоҳир гардад ва маҳз онҳо бояд барои ҷомеа маълумоти заруриро дарҷ созанд.

Назриев мегӯяд, барои ҳалли ин мушкилот бозомӯзии намояндагони хадамоти иттилоотии сохторҳои давлатӣ зарур аст. «Дар ҳамаи муассисаҳои давлатӣ бояд воҳидҳои кор бо матбуот таъсис дода шуда, бо фаъолияти чашмгири ин ниҳодҳо метавон аҳолиро аз қабули маълумоти носаҳеҳ эмин нигоҳ дошт», – гуфт намояндаи ВКХ ҶТ.

Дар ҳамин ҳол, Д.Назриев аз фаъолияти «ғайриҳирфаӣ»-и чанде аз рӯзноманигорони ватанӣ изҳори нигаронӣ намуд. «Ман шахсан ба ин гуна амал дучор гардида, маҷбур шудам, ки аз ҳамкории минбаъда бо чанде аз журналистон даст кашам, зеро маълумоти аз ман дастрасшуда нодуруст пешниҳод мегардид», – иброз дошт ӯ ва илова намуд, ки «ҳангоме ки журналист ба таҳрифи маълумот даст мезанад, минбаъд сарчашмаи маълумот барои ӯ баста хоҳад буд».

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related