Суғд: Боздошти роҳбари яке аз дорухонаҳо бо маводи мухаддир

Date:


Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар вилояти Суғд як амалиёти мувафақона баргузор намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази робита бо ҷомеаи Агентии мазкур хабар доданд, зимни баргузории амалиёт ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир як зани 44-солаи соҳибкор, ки роҳбари яке аз дорухонаҳои шаҳри Хуҷанд буд, боздошт шуда,  аз ӯ ду брикети дорои маводи мухаддири ҳашиш дарёфт шудааст.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни тафтишот шарики ӯ низ ошкор гардида, аз манзили зисти фурӯшандаи дорухонаи мазкур, зани 48-сола боз 13 адад брикети дигари дорои маводи мухаддири ҳашиш дарёфт ва мусодира шудаанд. «Вазни умумии маводи мухаддири мусодирашуда 10 килоро ташкил дод», – гуфт манбаъ.

Зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, дар сурати исботи гуноҳи боздоштшудагон, ба онҳо аз 12 то 20 соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...