Маҳкумияти сокини навбатии деҳаи Қизил Нишон барои узвият дар ҲИӮ

Date:


Суди ноҳияи Қубодиён сокини навбатии деҳаи Қизил Нишон Аслиддин Наврӯзовро ба 8 соли зиндон маҳкум кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ҳимоятгари маҳкумшуда Толиб Ортиқов хабар дод, А.Наврӯзовро суд дар содир намудани ҷинояти ташкили гурӯҳи ҷиноятпеша (моддаи 187, қ. 2-и КҶ ҶТ) гунаҳкор донистааст. «Ба андешаи тафтишот, А.Наврӯзов ба сафи Ҳаракати исломии Ӯзбекистон (ҲИӮ) шомил гардида, мутназам бо ҳаммаслакони худ, ки барои узвият ба ин ҳаракат мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд, дар тамос будааст, аммо дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ ва ҳам дар мурофиаи судӣ гуноҳи зерҳимояи ман исбот нагардид», – гуфт вай.

Ба қавли Ортиқов, суд ба далелҳои овардаи ҷониби ҳимоя эътибор надода, А.Наврӯзовро ба 8 соли зиндон маҳкум кардааст ва ӯ аз болои ҳукми суд ба зинаи болоӣ шикоят бурданист.

Ёдрас мекунем, ки А.Наврӯзов санаи 5-уми майи соли равон ба гумони узвият дар ҲИӮ боздошт шуда буд. Аз оғози сол панҷ нафар сокинони деҳаи Қизил Нишон ба узвият дар ин ҳаракат гунаҳкор дониста шуда, ба муҳлатҳои то 9 сол равона зиндон шуданд.

Тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, айни замон беш аз 20 нафар сокинони деҳаи Қизил Нишон таҳти пайгарди қонунӣ қарор доранд. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...