Ҷаласаи нахустини Шӯрои Ташаббуси шаффофияти бахшҳои истихроҷ дар Тоҷикистон

Дата:


Ахири ҳафтаи гузашта дар Душанбе ҷаласаи нахустини Шӯрои Ташаббуси шаффофияти бахшҳои истихроҷ дар Тоҷикистон баргузор шуд.

Бино ба маълумоти котиботи Вазорати молияи ҷумҳурӣ, дар кори ҷаласа кормандони вазорату идораҳои дахлдор, корхонаҳои бахши истихроҷи кишвар, аҳли ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳамчунин намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ, аз қабили Бонки ҷаҳонӣ, Институти «Ҷомеаи кушод» Фонди мусоидат дар Тоҷикистон ва Ҷамъияти ҳамкории байнулмилалии Олмон (GIZ) ширкат варзиданд.

Муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Руҳулло Ҳакимов ба кори ҷаласа ҳусни ифтитоҳ бахшида, изҳор кард, ки ҷараёни ҷорисозии Ташаббуси шаффофияти бахшҳои истихроҷ дар Тоҷикистон иқдоми муҳимест, ки ба истифодаи пурсамари захираҳои ғании табиӣ баҳри рушди устувори иқтисод шароити мусоид фароҳам меоварад.

«Барои ноил гардидан ба мақсадҳои пешбинишуда фаъолияти ҳадафноки сохторҳои ҳукуматӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ бо иштироки фаъолонаи созмонҳои байнулмилалӣ зарур аст», – таъкид кард ӯ.

Дар ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои интихоб ва тасдиқи аъзои  Шӯро, таҳияи Нақшаи кори амалисозии Ташаббуси шаффофияти бахшҳои истихроҷ барои солҳои 2012-2014, омодасозии дархост барои гирифтани мақоми кишвари номзад ба Ташаббуси шаффофияти бахшҳои истихроҷ ва дигар масоили тадорукотӣ баррасӣ шуданд.

Ёдрас мекунем, ки Шӯрои Ташаббуси шаффофияти бахшҳои истихроҷ дар Тоҷикистон дар асоси қарори ҳукумати ҶТ «Дар бораи ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Ташаббуси шаффофияти бахшҳои истихроҷ», ки ахири моҳи августи соли равон қабул гардид, таъсис дода шуд. Ба ҳайати Шӯрои мазкур намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва кормандони бахшҳои истихроҷи кишвар шомиланд.

Похожие материалы

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Поделиться:

spot_imgspot_img

Популярное