Имрӯз суди гарнизони ҳарбии Хатлон собиқ афсари қисми низомии 07017-и Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, майор Исломҷон Иброҳимовро ба 9 соли зиндон маҳкум намуд. Ҳаммаслаки ӯ шаҳрванд Қурбоналӣ Шодмонов ба муҳлати 5 сол аз озодӣ маҳрум гардид. Онҳо ба нашъаҷаллобӣ гунаҳкор дониста шуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси суди ҳарбии гарнизони Хатлон Тоҳир Искандаров хабар дод, Исломҷон Иброҳимов ва Қурбоналӣ Шодмонов мутобиқи моддаи 200, қ. 3, бандҳои «в, г» (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ва ба миқдори калон)-и КҶ ҶТ айбдор дониста шуданд.
Зимни суханронӣ дар мурофиа айбдоркунандаи давлатӣ аз суд барои Иброҳимов 11 ва барои Шодмонов 10 соли ҳукми зиндонро талаб кард.
«Дар сухани охирини худ айбдоршудагон якдилона изҳор амуданд, ки кормандони фаврии Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон онҳоро фиреб дода ва аз суд дархост карданд, ки нисбаташон ҳукми одилона содир гардад, – гуфт судя. – Аммо дар мурофиаи судӣ айби онҳо пурра исботи худро ёфта, Иброҳимов ба 9 ва Шодмонов ба 5 соли зиндон маҳкум карда шуданд».
Ёдрас мекунем, ки санаи 15-уми июли соли равон як корманди фаврии Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Хатлон бо Исломҷон Иброҳимов дар тамос шуда, ба ӯ пешниҳод кардааст, ки ба ивази автомашинаи тамғаи «Опел» маводи мухаддири дар дасташ бударо ба ӯ диҳад. Рӯзи дигар дар қаламрави бозори фурӯши автомобилҳои шаҳри Кӯрғонтеппа кормандони милиса И.Иброҳимов ва Қ.Шодмоновро бо далели шайъӣ дастгир намуданд.



