Ҷавобгарии роҳбарони ҷамоатҳои Мастчоҳ барои хунукназарӣ

Дата:


Дар вилояти Суғд нисбат ба ду нафар роҳбарони ҷамаотҳои ноҳияи Масичоҳ барои дағалона вайрон кардани қонунгузорӣ ва ошкор шудани як қатор камбудиҳо дар фаъолият парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Ғайр аз ин, нисбат ба шахсони масъули ҷудогона ва мудирони шуъбаҳои ҳукумати ин ноҳия ҷазои маъмурӣ таъин гардид.

Ин чораҳо пас аз сафари раиси вилояти Суғд ба ноҳияи Мастчоҳ аввалҳои моҳи август ва қабули сокинони ноҳия сурат гирифтанд. Қобили зикр аст, ки дар ноҳияи мазкур зиёда аз 105 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунад.

Муддати як рӯз раиси вилоят беш аз 200 нафар сокинони ноҳияро ба ҳузур пазируфт. Сокинон ба раиси вилоят аз мушкилоти зиёди ҳалнагардида дар ноҳия, аз ҷумла норасоии оби нӯшокӣ, тақимоти нодуруст ва ноодилонаи қитъаҳои змини наздиҳавлигӣ аз ҷониби ҷамоатҳо шикоят бурданд.

Қоҳир Расулзода ба прокурори вилоят дастур дод, ки дар ноҳия таъҷилан санҷиш доир гардад. Зимни санҷиш ҳолатҳои дағалона вайрон кардани қонунгузорӣ ҳангоми ҳуҷҷатгузорӣ ва тақсимоти қитъаи заминҳо ошкор карда шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» намояндаи прокуратураи вилоят Абдуллоҷон Абдуллоев хабар дод, дар баъзе ҷамоатҳо далелҳои таҳрифшудаи қабули аризаҳо аз шаҳрвандон ошкор шудаанд, ки гувоҳи амали барқасдонаи шахсони ҷудогона аст.

«Муддати чандин сол дар 7 ҷамоати ноҳия беш аз 15 ҳазор ариза дар бораи тақсимоти қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷамъ гардида, айни замон аз онҳо ҳамагӣ 3 ҳазор ариза баррасӣ шудааст», – зикр кард ӯ.

Барои хунукназарона рафтор намудан ба вазифа нисбати раисони ҷамоатҳои «Мастчоҳ» С.Мӯъминов ва «Бӯстон» С.Мирвайсов парвандаи ҷиноӣ боз гардид. Дар ин ҷамоатҳо муҳлати посух ба аризаҳои шаҳрвандон баъзан аз 40 то 90 рӯзро ташкил додааст, ки шаҳодати риоя накардани қонун дар бораи қабули арзу шикоятҳои шаҳрвандон мебошад. 

Похожие материалы

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Поделиться:

spot_imgspot_img

Популярное