Хизматрасонии «Агроинвестбонк» дар рӯзҳои истироҳат

Бо мақсади беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо ва пешниҳоди он ба мизоҷон, ҶСК «Агроинвестбонк» нахустин бор дар низоми интиқоли маблағҳо реҷаи кориро дар рӯзҳои истироҳат ҷорӣ менамояд. Тавре аз хадамоти матбуоти бонки мазкур хабар доданд, акнун бахши интиқоли маблағҳои Саридораи ҶСК «Агроинвестбонк» рӯзҳои якшанбе низ, шуруъ аз соати 8-00 пагоҳӣ то соати 13-00 ба мизоҷон хизмат […]

ASIA-Plus


Бо мақсади беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо ва пешниҳоди он ба мизоҷон, ҶСК «Агроинвестбонк» нахустин бор дар низоми интиқоли маблағҳо реҷаи кориро дар рӯзҳои истироҳат ҷорӣ менамояд.

Тавре аз хадамоти матбуоти бонки мазкур хабар доданд, акнун бахши интиқоли маблағҳои Саридораи ҶСК «Агроинвестбонк» рӯзҳои якшанбе низ, шуруъ аз соати 8-00 пагоҳӣ то соати 13-00 ба мизоҷон хизмат мерасонад.

Ба иттилои манбаъ, ин иқдоми нави Бонк метавонад барои ҳалли мушкилоти баъзе маблағгирандагон, ки мехоҳанд маблағҳои худро дар рӯзи истироҳат, яъне якшанбе ба даст оваранд, мусоидат намояд.

Зикр гардид, ки акнун сокинони шаҳри Душанбе ва манотиқи атрофи он, ки пештар дар рӯзҳои корӣ барои ба Бонк муроҷиат кардан имконият надоштанд, метавонанд дар ҳама рӯзҳои ҳафта, ҳатто рӯзи якшанбе маблағҳои аз хориҷ ба номи онҳо интиқолгаштаро дастрас намоянд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.