Раҳсипории 10 нафар нахустин ихтиёрини Кӯлоб ба хизмати ҳарбӣ

Дар рӯзи аввали оғози маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ 10 нафар нахустин ихтиёрини Кӯлоб ба хизмат раҳсипор шуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» комиссари ҳарбии минтақаи Кӯлоб подполковник Суҳроб Аҳмедов хабар дод, дар ин маърака ба сурати умум наздики 70 нафар ҷавонон ихтиёран ба хизмат рафтанро хоҳиш кардаанд. «Рӯзи аввал танҳо 10 нафар аз ихтириёнро […]


Дар рӯзи аввали оғози маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ 10 нафар нахустин ихтиёрини Кӯлоб ба хизмат раҳсипор шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» комиссари ҳарбии минтақаи Кӯлоб подполковник Суҳроб Аҳмедов хабар дод, дар ин маърака ба сурати умум наздики 70 нафар ҷавонон ихтиёран ба хизмат рафтанро хоҳиш кардаанд. «Рӯзи аввал танҳо 10 нафар аз ихтириёнро даъват кардем», – гуфт комиссар ва илова намуд, ки дар рӯзи аввал 40 нафар даъватшавандагон аз муоинаи тиббӣ мегузаранд.

Ба гуфтаи ӯ, дар мавсими даъвати баҳории соли равон аз Кӯлоб 205 нафар ҷавонон ба хизмат дар сафи Қуввваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ фиристода шуданд. «Мо боварии комил дорем, ки даъвати тирамоҳӣ низ дар сатҳи шоиста доир хоҳад гардид», – афзуд номбурда.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти шаҳрдории Кӯлоб ба даъватшавандагон сарулибос тақдим намуда, барои онҳо зиёфат орост ва консерт намоиш дода шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.