Соли нав кишварҳои ИДМ ба реҷаи нави тиҷорат мегузаранд

Аз соли нав кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба реҷаи нави тиҷорат мегузаранд, – иттилоъ медиҳад Кумитаи иҷроияи Иттиҳод. Бино ба маълумоти Кумитаи иҷроия, то кунун ҳашт кишвари ИДМ, аз ҷумла Тоҷикистон дар бораи пайвастан ба минтақаи озоди тиҷорати иқтисодӣ созишнома ба имзо расонидаанд. Раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев изҳор доштааст, ки Ӯзбекистон низ […]


Аз соли нав кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба реҷаи нави тиҷорат мегузаранд, – иттилоъ медиҳад Кумитаи иҷроияи Иттиҳод.

Бино ба маълумоти Кумитаи иҷроия, то кунун ҳашт кишвари ИДМ, аз ҷумла Тоҷикистон дар бораи пайвастан ба минтақаи озоди тиҷорати иқтисодӣ созишнома ба имзо расонидаанд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев изҳор доштааст, ки Ӯзбекистон низ ҳамроҳшавӣ ба ин минтақаро дархост намуда, то ахири сол ба он шомил хоҳад гардид.

«Айни замон ин созишнома дар Молдова, Русия, Белорус ва Арманистон тасдиқ гардида, то ахири сол дар кишварҳои боқимонда низ тасдиқ мегардад, – гуфтааст Лебедев.

Номбурда ҳамчунин афзудааст, аз соли нав кишварҳои узви ИДМ ба реҷаи нави тиҷорат дар паҳнои дорои 200 млн. аҳолӣ мегузаранд, ки барои ҳар як кишвар муфид аст, зеро ба афзоиши ҳаҷми муомилоти молӣ мусоидат мекунад.

Ёдрас мекунем, ки Шартнома дар бораи минтақаи озоди тиҷорат дар доираи ИДМ 18-уми октябри соли 2011 аз ҷониби ҳашт кишвар – Русия, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон ва Украина ба имзо расида буд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.