Чанде қабл мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Туркия Фаррух Шарипов бо роҳбарони ширкати «KONCAR»-и Хорватия ва ширкати энергетикии «GOZUM»-и Туркия баргузор гардид.
Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар оғози сӯҳбат сафири Тоҷикистон оиди вазъи иқтисодию ичтимоӣ, фазои сармоягузорӣ, захираҳои обии энергетикӣ ва лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон маълумот дод.
Ба иттилои манбаъ, роҳбарони ширкатҳои мазкур ба лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, омодагии худро ҷиҳати иштирок дар лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон изҳор намуданд ва моҳи оянда нияти сафар ба Тоҷикистон намуданд.
Қобили зикр аст, ки ширкати энергетикии «KONCAR»-и Хорватия соли 1921 таъсис ёфта, тақрибан 4000 коргар дорад. Ширкати мазкур ба 100 кишвари дунё солона ба маблағи 320 млн. Евро маъсулот истеҳсол менамояд.
Ширкати энергетикии «GOZUM»-и Туркия соли 1980 таъсис ёфта, дар соҳаҳои энергетика, туризм, сохтмон ва сармоягузорӣ фаъолият менамояд.



