Оғози парвандаи маъмурӣ нисбати сармуҳаррири ТВ «Ҷаҳоноро»

Date:


Прокуратураи вилояти Суғд нисбати рӯзноманигори телевизиони «Ҷаҳоноро»-и шаҳри Ғафуров оид ба қонуншикании маъмурӣ парванда боз кард.

Ҳуқуқшиноси Маркази дастгирии ҳуқуқии ВАО ва рӯзноманигрони вилояти Суғд Муҳаббат Ҷӯраева бар ин назар аст, ки прокуратураи вилоят нисбати сармуҳаррири телевизиони «Ҷаҳоноро» Моҳира Воҳидова ғайриқогунӣ парванда оғоз намудааст.

Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» М.Ҷӯраева изҳор кард, ки дар робита ба ин масъала роҳбари телевизиони «Ҷаҳоноро» Маҳмудҷон Додобоев ба ӯ муроҷиат намуда, баён кардааст, ки дар барномаи «Ахбор»-и шабакаи мазкур доир ба ҳодисаи сӯхтор дар бозори «Корвон»-и пойтахт иттилоъ пахш шуд, ки он аз сомонаи хабаргузории TojNews гирифта шуда буд.

«Ӯ изҳор дошт, ки дарҳол пас аз анҷоми барнома роҳбари телевизионро ба Кумитаи давлатии амнияти миллии вилоят даъват карда, бозпурсӣ намудаанд. Сипас ба прокуратураи вилоят даъват шуда, аз ӯ навиштани баёнотро талаб мекунанд ва хабар медиҳанд, ки далели истифодаи маводи хабаргузории TojNews қонунӣ аст. Аммо баъди чанд рӯз ба телевизион хабар мерасад, ки прокуратураи вилоят ба суд муроҷиат намуда, тасдиқ кардааст, ки шабакаи телевизионӣ талаботи моддаи 373-и Кодекси маъмурии ҶТ-ро риоя накарда, дар ин ҳолат қонуншиканӣ ҷой дорад», – ҳикоят кард мазмуни суҳбати худро бо роҳбари шабакаи «Ҷаҳоноро» Ҷӯраева.

Ба қавли вай, дар моддаи 373-и Кодекси маъмурии ҶТ ба қонуншиканӣ барои паҳнкунии маҳсулоти ВАО ва ҳамчунин хабару маводи оҷонсии хабаргузорӣ бидуни сабти ном ишора рафта, дар амали роҳбари шуъбаи иттилооти телевизиони «Ҷаҳоноро» қонуншиканӣ ҷой надорад, – гуфт Ҷӯраева. – ВАО-и мазкур ба қайд гирифта шуда, хабари пахшшуда аз сарчашмаи дигар – TojNews гирифта шудааст ва тибқи моддаи 36-и Қонуни ҶТ «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», агар ахбор аз сарчашмаи дигари иттилоотӣ гирифта шуда бошаду ба ин сарчашма ишора рафта бошад, пас дар ин ҳолат ВАО-и ин хабарро истифодакарда аз масъулият озод мегардад». 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...