Ҷаласаи ситоди тоҷикистонии «Ҳаҷ-2012» дар Макка

Дар меҳмонхонаи Бофил воқеъ дар Маккаи мукаррамаи Арабистони Саъудӣ ҷаласаи ситоди «Ҳаҷ-2012» доир гардид. Тавре аз Кумитаи умури дини наздиҳукумати ҶТ хабар доданд, дар ҷаласа масоили шароити буду боши зоирини тоҷик дар меҳмонхонаҳои  Маккаи мукаррама ва  Мадинаи мунаввара баррасӣ шуданд. Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба рафти ҷо ба ҷо намойи ҳоҷиён […]


Дар меҳмонхонаи Бофил воқеъ дар Маккаи мукаррамаи Арабистони Саъудӣ ҷаласаи ситоди «Ҳаҷ-2012» доир гардид.

Тавре аз Кумитаи умури дини наздиҳукумати ҶТ хабар доданд, дар ҷаласа масоили шароити буду боши зоирини тоҷик дар меҳмонхонаҳои  Маккаи мукаррама ва  Мадинаи мунаввара баррасӣ шуданд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба рафти ҷо ба ҷо намойи ҳоҷиён дар меҳмонхонаҳо, таъмини онҳо бо шароити хуби иқомат ва хизматрасониҳои тиббӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

«Раиси ситоди «Ҳаҷ-2012» Ҷумахон Ғиёсов зимни суханронӣ аз масъулин даъват намуд, ки барои дар сатҳи баланд гузаронидани мавсими ҳаҷи имсола тамоми чораҳои зарурӣ андешида шавад», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки дар ҷаласа ҳамчунин аз вазъи ҳоҷиёни дорои бемориҳои гуногун сухан рафта, барои муъолиҷаи саривақтии онҳо аз ҳайати табибон даъват ба амал оварда шуд, ки барои расонидани хизматрасониҳои тиббӣ аз тамоми имкониятҳои дар ихтиёрдошта истифода намоянд.

Ёдрас мекунем, ки зоирини нахустини тоҷик рӯзи 29-уми сентябр тавассути хатсайри ҳавоии ширкати «Тоҷик Эйр» озими зиёрати Хонаи Худо шуданд. Барномаи «Ҳаҷ-2012» 11-уми ноябр бо бозгашти охирин зоирини тоҷик ба ватан ба итмом мерасад.

Соли равон Вазорати умури ҳаҷи Арабистони Саъудӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон барои адои маросими ҳаҷ 6 ҳазор адад квота ҷудо намуд. Арзиши умумии адои маросими ҳаҷи имсола барои тоҷикистониён 3 ҳазору 546 доллари ИМА-ро ташкил дод.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".