Оғози ҷаласаи Шӯрои роҳбарони Хадамоти муҳоҷирати кишварҳои ИДМ

Имрӯз дар пойтахти Қирғизистон ҷаласаи 12-уми Шӯрои роҳбарони Хадамоти муҳоҷирати кишварҳои узви ИДМ ва ҷаласаи 11-уми Шӯрои сиёсати муҳоҷирати назди Кумитаи ҳамгиройии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕвраЗЭС) ба кор шурӯъ мекунад. Дар кори ин ҷаласаҳо сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ Сафиалло Девонаев ширкат меварзад. Тавре аз шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати ҷумҳурӣ хабар доданд, […]


Имрӯз дар пойтахти Қирғизистон ҷаласаи 12-уми Шӯрои роҳбарони Хадамоти муҳоҷирати кишварҳои узви ИДМ ва ҷаласаи 11-уми Шӯрои сиёсати муҳоҷирати назди Кумитаи ҳамгиройии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕвраЗЭС) ба кор шурӯъ мекунад. Дар кори ин ҷаласаҳо сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ Сафиалло Девонаев ширкат меварзад.

Тавре аз шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷаласа мушкилоти муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва вазъи муҳоҷират дар паҳнои ИДМ мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласаҳо ҳамчунин баррасии консепсияи сиёсати давлатии муҳоҷирати Русия то соли 20125, нақшаҳои муштараки мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва дигар масоили рӯзмарра дар ин соҳа дар назар аст.

Иштирокдорони ҷаласа инчунин атрофи масоили раванди татбиқи қарори Шӯрои сарони ҳукуматҳо, Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ИДМ, Шӯрои роҳбарони сохторҳои муҳоҷиратии кишварҳои ИДМ дар соҳаи муҳоҷират, раванди татбиқи қарори Шӯрои байнидавлатии ЕврАЭС ва татбиқи барномаи муҳоҷирати меҳнатӣ дар якҷоягӣ бо Созмони байналмилалии муҳоҷират низ табодули назар хоҳанд кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 июни соли 2026

ЧОРАБИНИИ РӮЗ Имрӯз, соати 14:00 дар толори хурди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 60-солагии нашри достони "Мавҷҳои Днепр"-и устод Муъмин Қаноат маҳфили илмиву адабӣ баргузор...

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.