Платини: Узвияти кишварҳои ОМ ба УЭФА ғайриимкон аст

Date:


Имрӯз дар Душанбе Президенти Федератсияи футболи Аврупо (УЕФА) Мишел Платини изҳор кард, ки дар марҳилаи кунунӣ узвияти кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ба УЕФА имконннопазир аст.

«Соли 1992 ин кишварҳо мустақилона иштирок дар мусобиқоти қораи Осиё, на Аврупоро интихоб карданд», – гуфт зимни нишасти хабарӣ М.Платини.

Ба гуфтаи ӯ, имрӯз агар ҳатто УЕФА аз ин кишварҳо дар ин хусус дархост гирад ҳам, баррасии ин масъала аллакай хеле дер шудааст. «Ин масъалаи душвори сиёсӣ буда, метавонад дар сатҳи олӣ миёни УЕФА ва Конфедератсияи футболи Осиё мухолифат ба вуҷуд оварад», – иброз дошт номбурда.

Платини ҳамчунин изҳор кард, ки дар ҳеҷ ҷое, аз ҷумла дар Тоҷикистон академияи футболи худро таъсис доданӣ нест. «Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ баҳри омӯзишу сайқали таҷрибаи футболбозони ҷавони тоҷик академияи мустақили худро таъсис медиҳад», – афзуд номбурда.

Ёдрас мекунем, ки президенти Федератсияи футболи Аврупо (УЕФА) Мишел Платини дирӯз бо сафари дурӯзаи расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард. Ӯ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дидору гуфтушунид анҷом дод.

Президенти УЕФА ҳамчунин бо вазъи Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ аз наздик ошно гардида, ба рӯзноманигорон дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки «ин варзишгоҳ ба меъёрҳои талаботи маҳаллӣ ҷавобгӯ аст».

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...