Аксари муҳоҷирони кории тоҷик ба ватан баргаштанӣ нестанд

Тибқи як назарпурсӣ таҳти унвони «Муҳоҷирини корӣ дар остонаи вуруд ба ҷомеаи Русия», ки аз ҷониби пажуҳишгоҳи «Среда»-и Русия тобистони соли равон доир гардидаасту дар он тақрибан 400 нафар муҳоҷирон назарпурсӣ шудаанд, 54%-и пурсидашудагон аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон изҳор кардаанд, ки ба ватан баргаштанӣ нестанд. Миёни шаҳрвандони пурсидашудаи Қирғизистону Ӯзбекистон, ки дар Русия фаъолият доранд, […]


Тибқи як назарпурсӣ таҳти унвони «Муҳоҷирини корӣ дар остонаи вуруд ба ҷомеаи Русия», ки аз ҷониби пажуҳишгоҳи «Среда»-и Русия тобистони соли равон доир гардидаасту дар он тақрибан 400 нафар муҳоҷирон назарпурсӣ шудаанд, 54%-и пурсидашудагон аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон изҳор кардаанд, ки ба ватан баргаштанӣ нестанд.

Миёни шаҳрвандони пурсидашудаи Қирғизистону Ӯзбекистон, ки дар Русия фаъолият доранд, ин нишондиҳанда мутаносибан 42 ва 29%-ро ташкил додааст.

Миёни шаҳрвандоне, ки барои кор ба Русия омадаанд, 38%-ро шаҳрвандони Ӯзбекистон, 24%-ро шаҳрвандони Тоҷикистон ва 23%-ро шаҳрвандони Қирғизистон ташкил додаанд. То 90%-и онҳо мардони синнусоли аз 18 то 34-солаи дорои маълумоти махсуси касбӣ будаанд.

Аз чор се ҳиссаи пурсидашудагон оилаҳои худро дар ватан гузошта, маблағҳои бадастовардаашонро ба оилаҳояшон мефиристанд. Дар ҳамин ҳол, ҳамагӣ 7%-и пурсидашудагон дар як моҳ беш аз 30 ҳазор рублӣ русӣ маблағ кор мекардаанд.

Аз ҳама бештар (тақрибан ҳар чорумин нафари пурсидашуда) музди меҳнат дар ҳаҷми аз 15 то 20 ҳазор рубли русӣ номбар шуда, 15%-и онҳо аз 15 ҳазор рубл камтар музди меҳнат мегирифтаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".