9 соли ҳукми зиндон ба як зани хатлонӣ ба ивази 10 ҳазор $

Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ба иттиҳоми муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир як сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, зани 40-сола ба 9 соли зиндон маҳкум гардид. Суди шаҳри Хуҷанд ӯро дар содир намудани ҷиноёт мутобиқи моддаҳои 200, қ. 3 (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо  мақсади   ба соҳибияти каси дигар додан) ва 32, қ. 3 – 289, […]


Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ба иттиҳоми муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир як сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, зани 40-сола ба 9 соли зиндон маҳкум гардид.

Суди шаҳри Хуҷанд ӯро дар содир намудани ҷиноёт мутобиқи моддаҳои 200, қ. 3 (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо  мақсади   ба соҳибияти каси дигар додан) ва 32, қ. 3 – 289, қ. 2 (Тайёрӣ ба ҷиноят ва суиқасд ба ҷиноят – Қочоқ) гунаҳкор донист.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз суди шаҳри Хуҷанд итилоъ доданд, зан муҳлати ҷазоро дар зиндони низоми умумӣ адо мекунад.

Қобили зикр аст, ки М.Ш.-и 40-сола аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд санаи 27-уми майи соли равон дар микрорайони 34-уми шаҳри Хуҷанд боздошт гардида буд. Ҳангоми кофтуков аз ӯ ба миқдори беш аз ним кило маводи мухаддири сахттаъсири героин дарёфт ва мусодира гардид, ки ӯ онро дар дохили меъдааш тавассути ҳавопаймо ба Русия интиқол доданӣ будааст. Барои иҷрои ин кор ба ӯ 10 ҳазор доллари ИМА ваъда додаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".