Ифтитоҳи Маркази мустақили кӯдаконаи саратоншиносӣ бо дастгирии Туркия

Ояндаи наздик бо дастгирии Туркия дар Тоҷикистон нахустин Маркази мустақили кӯдаконаи саратоншиносӣ мавриди истифода қарор мегирад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз сафоратхонаи Туркия дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, санаи 10-уми октябр сафир Меҳмед Мӯнис Дирик дар ҳамроҳӣ бо намояндаи дафтари Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва рушд (TIKA) дар Душанбе ва котиби дуюми сафоратхона Алӣ Вурал  […]


Ояндаи наздик бо дастгирии Туркия дар Тоҷикистон нахустин Маркази мустақили кӯдаконаи саратоншиносӣ мавриди истифода қарор мегирад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз сафоратхонаи Туркия дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, санаи 10-уми октябр сафир Меҳмед Мӯнис Дирик дар ҳамроҳӣ бо намояндаи дафтари Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва рушд (TIKA) дар Душанбе ва котиби дуюми сафоратхона Алӣ Вурал  бо ҷараёни корҳои таҷдид ва аз нав таҷҳизонидани Маркази кӯдаконаи саратоншиносӣ дар шаҳри Душанбе аз наздик ошно гардиданд.

«Ин корҳо бо дастгирии TIKA сурат гирифта, маблағи умумии онҳо 1 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад», – гуфтанд дар сафоратхона.

Ба иттилои манбаъ, айни замон корҳои таҷдид ба итмом расида, баъди анҷоми корҳои аз нав таҷҳизонидан, Маркази мустақили кӯдаконаи саратоншиносӣ ба фаъолият шурӯъ мекунад.

«Дар доираи лоиҳаи мазкур доир намудани барномаҳои омӯзишӣ ва таҷрибаомӯзӣ барои кормандони маркази мазкур пешбинӣ шудааст», – гуфт манбаъ.

Дар идома манбаъ изҳор дошт, ки феълан ҳамчунин бо дастгириву кӯмаки TIKA корҳои таҷдиду азнавсозии мактаб дар Данғара ва бинои иловагӣ барои он анҷом ёфта, ояндаи наздик анҷоми корҳои таҷдиду дубора муҷаҳҳаз сохтани Маркази таълими касбии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ дар назар аст.

Бино ба маълумоти сафоратхонаи Туркия, ин кишвар Тоҷикистонро дар ҳаҷми ҳудуди 90 млн. доллари ИМА бо дастгирии молиявиву кӯмаки бебозгашт таъмин намудааст, ки ба он қарзи «Эксимбонк», кӯмакҳои TIKA  ва дигар ширкатҳои туркӣ низ шомил мебошанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".