Кишоварзони Ашт аз иҷрои нақшаи ҷамъоварии пахта мужда расониданд

Кишоварзони ноҳияи Ашти вилояти Суғд аз иҷрои нақшаи ҷамъоварии пахта дар соли равон мужда расониданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати кишоварзии вилояти Суғд хабар доданд, соли равон деҳқонони ноҳия 8 ҳазору 703 тонна ҳосили пунбадона ҷамъоварӣ намуданд, ки 100,3%-и нақшаро ташкил медиҳад. Ба иттилои манбаъ, аз оғози мавсим кишоварзони вилояти Суғд 94 ҳазору 718 […]

Мавлуда Рафиева


Кишоварзони ноҳияи Ашти вилояти Суғд аз иҷрои нақшаи ҷамъоварии пахта дар соли равон мужда расониданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати кишоварзии вилояти Суғд хабар доданд, соли равон деҳқонони ноҳия 8 ҳазору 703 тонна ҳосили пунбадона ҷамъоварӣ намуданд, ки 100,3%-и нақшаро ташкил медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, аз оғози мавсим кишоварзони вилояти Суғд 94 ҳазору 718 тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ намуданд, ки ба 84,1%-и нақша баробар аст. Дар ҳамин давраи соли гузашта деҳқонони минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 97 ҳазору 683 тонна пахта ҷамъоварӣ карда буданд, ки 93%-и нақшаро ташкил дода буд.

Соли ҷорӣ дар вилояти Суғд дар майдони 61 ҳазору 172 гектар пунбадона кишт шуда, ҷамъоварии 112,5 ҳазор тонна ҳосил ба нақша гирифта шудааст. Соли гузашта пунбадона дар майдони 65,4 ҳазор гектар кишт шуда, ба ҷойи 105 ҳазори тибқи нақша пешбинишуда 117 ҳазор тонна ҳосил ҷамъоварӣ гардида буд.

То имрӯз ноҳияҳои Сптамен, Конибодом ва Ашти вилояти Суғд аз иҷрои нақшаи пахта мужда расонида, иҷрои нақша дар ноҳияҳои Ҷаббор Расулов (86,9%) ва Мастчоҳ (78,4%) дар арафаи анҷомёбист.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.