Платини: Узвияти кишварҳои ОМ ба УЭФА ғайриимкон аст

Имрӯз дар Душанбе Президенти Федератсияи футболи Аврупо (УЕФА) Мишел Платини изҳор кард, ки дар марҳилаи кунунӣ узвияти кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ба УЕФА имконннопазир аст. «Соли 1992 ин кишварҳо мустақилона иштирок дар мусобиқоти қораи Осиё, на Аврупоро интихоб карданд», – гуфт зимни нишасти хабарӣ М.Платини. Ба гуфтаи ӯ, имрӯз агар ҳатто УЕФА […]


Имрӯз дар Душанбе Президенти Федератсияи футболи Аврупо (УЕФА) Мишел Платини изҳор кард, ки дар марҳилаи кунунӣ узвияти кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ба УЕФА имконннопазир аст.

«Соли 1992 ин кишварҳо мустақилона иштирок дар мусобиқоти қораи Осиё, на Аврупоро интихоб карданд», – гуфт зимни нишасти хабарӣ М.Платини.

Ба гуфтаи ӯ, имрӯз агар ҳатто УЕФА аз ин кишварҳо дар ин хусус дархост гирад ҳам, баррасии ин масъала аллакай хеле дер шудааст. «Ин масъалаи душвори сиёсӣ буда, метавонад дар сатҳи олӣ миёни УЕФА ва Конфедератсияи футболи Осиё мухолифат ба вуҷуд оварад», – иброз дошт номбурда.

Платини ҳамчунин изҳор кард, ки дар ҳеҷ ҷое, аз ҷумла дар Тоҷикистон академияи футболи худро таъсис доданӣ нест. «Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ баҳри омӯзишу сайқали таҷрибаи футболбозони ҷавони тоҷик академияи мустақили худро таъсис медиҳад», – афзуд номбурда.

Ёдрас мекунем, ки президенти Федератсияи футболи Аврупо (УЕФА) Мишел Платини дирӯз бо сафари дурӯзаи расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард. Ӯ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дидору гуфтушунид анҷом дод.

Президенти УЕФА ҳамчунин бо вазъи Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ аз наздик ошно гардида, ба рӯзноманигорон дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки «ин варзишгоҳ ба меъёрҳои талаботи маҳаллӣ ҷавобгӯ аст».

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".